Рӯзи 5-уми март дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” ҷамъбаст ва дар ҳошияи он намоиш-фурӯши чакан ва маҳсулоти заргарӣ баргузор гардид. Ин фестивал тарроҳону ҳунармандони тамоми минтақаҳои Тоҷикистонро ба ҳам овард.
Маросими ҷамъбаст бо садои карнаю доира дар фазои идона оғоз гардид. Дар намоишгоҳ ҳунармандон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи кишвар ҳунарҳои чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, попуридӯзӣ, муҳрабофӣ, тоқидӯзӣ, ҷӯроббофӣ ва либосҳои миллиро дар ғурфаҳои худ ба намоиш гузоштанд.
Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон, Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ва дигар намояндагони вазорату ниҳодҳои кишвар аз намоишгоҳ боздид карданд.
Дар баробари ин, занону модарон имкон пайдо карданд, ки маҳсули писандидаашонро аз ин намоишгоҳ харидорӣ кунанд.
Заргаре аз ноҳияи Шаҳринав, ки ғурфаи худро ташкил карда буд, мегӯяд, таваҷҷуҳи мардум ва сайёҳон ба ҳунари дастӣ бештар аст. Маҳсули меҳнати ӯ аз 150 сомонӣ то 1 ҳазору 600 сомонӣ нархгузорӣ шудааст.
Маросими ҷоизасупорӣ бо суханони Дилрабо Мансурӣ оғоз гардид. Ӯ гуфт, ки баргузории Фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” ва намоиш-фурӯши чакан ва маҳсулоти заргарӣ бо мақсади гиромидошти арзишҳои фарҳанги миллӣ ташкил шудааст.
“Фестивал ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш ва муаррифии ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ равона гардидааст”,- гуфт Дилрабо Мансурӣ.
Ба иттилои муовини сарвазир давоми солҳои 2017-2024 ба 382 ҳунарманд маблағҳои грантӣ дода шудааст.
Дар идома Бунафша Файзиддинзода гуфт, ки фестивал имкон додааст, ки анъанаҳои миллӣ, ҳунари чакандӯзӣ, санъати гулдӯзӣ, сузанидӯзӣ, тоқидӯзӣ дубора эҳё шаванд.
Ӯ иброз дошт, ки тасмим доранд соли 2026 низ фестивали мазкурро ҳамчун Фестивал-озмун ташкил ва баргузор кунанд.
Баъди анҷоми қисмати расмӣ, барномаи фарҳангӣ бо ширкати сарояндагон ва дастаҳои ҳунарӣ баргузор гардид. Ансамбли рақсӣ бо либосҳои ҳар як минтақаи кишвар зери навои оҳангу сурудҳои хоси минтақа ҳунарнамоӣ карданд. Дастаҳои рақсӣ навъҳои гуногуни рақси миллӣ, аз ҷумла “Рақси табақ”, “Рапо”, “Рақс бо қошуқ”, “Рақси Зарафшонӣ”, “Рақси бадахшонӣ” ва “Рақс бо доира”-ро иҷро карданд.
Фестивал бо супоридани диплому сипосномаҳо ба иштирокчиён аз шаҳру вилоятҳои кишвар ба анҷом расид.
Ҳамчунин, ба тарроҳоне, ки дар фестивал коллексияи либосҳои миллии худро ба намоиш гузошта буданд, диплому маблағ супорида шуд.
Бояд гуфт, ки Фестивали “Сад ранги чакан” бо ширкати ҳунармандони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дар 3 давр баргузор шуд. Даври якум аз 25-уми январ то 15-уми феврал дар сатҳи маҳаллаю деҳа ва шаҳраку ҷамоат доир гардид. Даври дуюм аз 18 то 28-уми феврал дар сатҳи вилоят ва минтақаҳо гузаронида шуд.
“Демагогия ва иғвоангезӣ”. Содир Жапаров як вакили парлумони Қирғизистонро барои интиқод аз созишномаи марзӣ танқид кард
Ромиш Шералӣ - меросбари шоири номвар Лоиқ Шералӣ даргузашт
Дар як минтақаи Русия қарори манъи ҷалби муҳоҷирон ба корҳои сохтмон бекор шудааст
Ду ҷавон дар Душанбе ба шикастани терминалҳо ва дуздии пул гумонбар дониста мешаванд
Иҷлосияи нахустини ҳайати нави парлумон рӯзи 19-уми март баргузор мегардад
Путин ба ҳалли масъалаи муҳоҷирон муҳлат дод. Русия чӣ гуна хориҷиёнро интизор аст?
Тоҷикистону Русия ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ тавофуқ ҳосил карданд
Дар Ӯзбекистон зиёда аз 310 корхона бо сармояи Тоҷикистон фаъолият доранд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2025
Сабти номи довталабон дар ММТ барои ширкат дар имтиҳони дохилшавӣ оғоз шуд. Довталаб бояд чиро донад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста