Дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе якчанд далели шикастани терминалҳои маблағгузаронӣ ва дуздии маблағҳои пулӣ аз мағозаҳои шаҳрвандон ба қайд гирифта шуданд.

Тавре ки Раёсати ВКД-и пойтахт хабар медиҳад, кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи мазкур дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар Рамзиддин Ризоев ва Эмомалӣ Амрохонов, сокинони 19-солаи шаҳри Душанберо дастгир намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба муайян кардани ҳолатҳои ин ҷиноят тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Раёсати ВКД дар бораи дигар ҷузъиёти ин ҳодиса ва зиёни расида аз ин амалҳо хабар намедиҳад.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон 22 ҳазору 315 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 996 ҳолат зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст.

Соли сипаришуда аз ҳама бештар ҷиноятҳои дуздӣ - 3 ҳазору 858 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар бораи дигар ҷиноятҳои зерин низ маълумот дода шуда буд:

- қаллобӣ — 3 ҳазору 480 ҳолат;

- авбошӣ — 1 ҳазору 663 ҳолат;

- ҷиноёти марбут ба маводи нашъаовар — 745 ҳолат;

- одамкушӣ ва суиқасд ба куштор — 75 ҳолат;

- тамаъҷӯӣ — 61 ҳолат;

- таҷовуз ба номус — 41 ҳолат;

- нигаҳдории ғайриқонунӣ ва тайёр кардани силоҳ — 31 ҳолат;

- роҳзанӣ — 28 ҳолат.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.