Дар ҷаласаи васеи солонаи мушовараи ВКД Русия президенти Русия Владимир Путин чунин изҳори назар кард, ки бояд ҳарчи зудтар консепсияи навшудаи сиёсати муҳоҷират қабул карда шавад. Ба гуфтаи президент, ин бояд дар ҳамин сол анҷом ёбад. Дар ин бора "Интерфакс" хабар медиҳад.
Владимир Путин таъкид дошт, ки дар соҳаи муҳоҷират ВКД бояд “вазифаҳои ҷиддӣ”-ро ҳаллу фасл намояд.
"Пешгирӣ ва бастани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва истифодаи муассиру фаъолонаи воситаҳои муосири назорати муҳоҷират зарур аст, - гуфтааст ӯ ва зикр кардааст, дар консепсияи навшуда мебояд аз корти муҳоҷират дар шаклии коғазӣ даст кашид. – Ин ва дигар навовариҳо бояд дар консепсияи навшудаи сиёсати давлатии муҳоҷират инъикос ёбанд, ки бояд ҳарчи зудтар ҳамин сол қабул карда шавад".
Тавре ки нашрияи Томск-Онлайн менависад, мақомоти Русия аз ҷалби хориҷиён ба кишвар даст кашиданӣ нестанд.
"Механизмҳои мавҷудаи дастгирии бозгашти ҳамватанонамон ба Русия, инчунин он шаҳрвандони хориҷиро, ки арзишҳои анъанавии моро мепазиранду мехоҳанд дар кишвари мо зиндагӣ ва кор кунанд ва махсусан, агар дорои ихтисосу маълумоти касбӣ ва барои иқтисоди мо зарур бошанд, бояд рушд дод", — иброз доштааст Путин.
Президенти Русия илова намудааст, ки бояд аз ҷалби ҷавонон ба ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои марбут ба тиҷорати маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ пешгирӣ шавад.
Ӯ ҳамчунин даъват намудааст, ки ба зуҳуроти ифротгароӣ ва тандгароии мазҳабӣ дар Русия бояд шадидан ва фаврӣ посух дода шавад: "Тундгароии ҷангҷӯёна таҳдид ба соҳибихтиёрии мост".
"ВКД бояд дар ҳамкорӣ бо Хадамоти федералии амният (ФСБ), Хадамоти федералии гумрук ва дигар сохторҳои дахлдор бояд фаъолона ҷинояткории марбут ба маводи мухаддирро ошкор намоянд, аз ҷумла қочоқи фаромарзиро пешгирӣ кунанд. Инчунин, механизмҳои мубориза бо таблиғоти хатарнок ва платформаҳои фурӯши маводи мухаддир дар фазои рақамӣ такмил дода шаванд", — изҳор дошт ӯ.
Нақшаи ҳукумат оид ба татбиқи сиёсати муҳоҷират соли 2023 таҳия шуда, ҳамин сол ба анҷом мерасад. Ин ҳуҷҷат аз шаш бахш ва 42 банд иборат аст.
Аз ҷумла, дар он таҳияи "давра (курс)-и мутобиқшавӣ" барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва дастурамал оид ба қоидаҳои рафтор дар кишвар, зиёд кардани шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар макотиби олӣ ва коллеҷҳо, инчунин васеъ кардани рӯйхати навъҳои раводидҳои электроние, ки ба хориҷиён дода мешаванд, пешбинӣ шудааст.
Ромиш Шералӣ - меросбари шоири номвар Лоиқ Шералӣ даргузашт
Дар як минтақаи Русия қарори манъи ҷалби муҳоҷирон ба корҳои сохтмон бекор шудааст
Фестивали “Сад ранги чакан” чӣ гуна ҷамъбаст шуд?
Ду ҷавон дар Душанбе ба шикастани терминалҳо ва дуздии пул гумонбар дониста мешаванд
Иҷлосияи нахустини ҳайати нави парлумон рӯзи 19-уми март баргузор мегардад
Тоҷикистону Русия ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ тавофуқ ҳосил карданд
Дар Ӯзбекистон зиёда аз 310 корхона бо сармояи Тоҷикистон фаъолият доранд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2025
Сабти номи довталабон дар ММТ барои ширкат дар имтиҳони дохилшавӣ оғоз шуд. Довталаб бояд чиро донад?
Вазорати рушди иқтисод мегӯяд, 42% аҳолии кишвар ба синфи миёна шомиланд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста