Ромиш Шералӣ, писари шоири номвар Лоиқ Шералӣ пеш аз зуҳри имрӯз дар 54-солагӣ дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Даргузашти ӯро бародараш Диловар Шералӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, Ромиш Шералӣ чанд сол инҷониб аз бемории дил ранҷ мекашид ва дар бемористонҳои Душанбе табобат мегирифт.
“Субҳи имрӯз хестанд, бо пайвандон суҳбат карда, гуфтанд, ки саломатиашон хуб нест. Гуфтанд, ки каме хоб мекунам. Пас аз чанд соат дар рахти хоб дар хона ҷон доданд”, - гуфт Диловар Шералӣ.
Диловар Шералӣ гуфт, ки ҷанозаи Ромиш пагоҳ дар Душанбе баргузор мешавад, вале то ҳол макону замони он аниқ нашудааст.
Ба гуфтаи ӯ, барадараш се рӯзи пеш, 3-юми март, ба синни 54 қадам гузошта буд.
Ромиш писари дуюми Лоиқ Шералӣ буд ва солҳо ба тадвину ороиши китобҳо машғул мешуд. Ӯ хатмкардаи Мактаби олии театрии (институти) ба номи Михаил Семёнович Шепкин дар шаҳри Маскав буда, солҳо дар нашриёти “Адиб” фаъолият дошт.
Гуфта мешавад, ки Ромиш Шералӣ меросбари падараш дониста мешуд ва ҳама бойгонии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар дасти марҳум буд.
Ромиш Шералӣ пас аз марги падараш чандин китобҳои шоирро ба чоп расонид ва дар таҳия ва тадвини куллиёти Лоиқ Шералӣ ҳам саҳми бориз дошт.
Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!




Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 марти соли 2026
Нигора Муқимӣ ваколатдори нави ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таъин шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста