Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расид. Бар асоси он, иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум рӯзи 19-уми март соати 10:00 дар шаҳри Душанбе даъват карда мешавад.
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки 2-юми март баргузор гардид, бо ғалабаи комили Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон поён ёфт. Ин ҳизб дар ҷамъ аз 63 курсии парлумон 49 кирсиро соҳиб шуд, ки ин ду курсӣ бештар нисбат ба парлумони даъвати пешин аст.
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 7 курсӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 5 курсӣ, Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон яктогӣ курсии парлумонро соҳиб шуданд. Натиҷае, ки панҷ соли пеш ҳам сабт шуда буд.
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бори аввал натавонист ҳеҷ курсиеро дар парлумон соҳиб нашуд. Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонӣ иштирок накард ва сабаби иштирок накарданашро ҳам шарҳ надод. Ин ҳизб ҳарчанд солҳои пеш дар интихобот иштирок мекард, аммо ҳеҷ гоҳ соҳиби мандат нашудааст.
Интихоботи имсоларо танҳо нозирони ИДМ ва СҲШ дар ҳайти 230 кас назорат карданд. Онҳо мисли солҳои қаблӣ низ интихоботи имсоларо “шаффофу озод ва демократӣ” хонданд.
Вале имсол бори аввал ҷараёни интихоботи парлумонии Тоҷикистонро нозирони САҲА назорат нахоҳанд кард. Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА эълон кард, ки барои назорати интихоботи парлумонӣ ба Тоҷикистон нозирони худро намефиристад.
Ин созмон далели дасткашӣ аз назорати интихоботи парлумониро “набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабти ном ё аккредитатсияи нозирон”-аш унвон кард.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфт САҲА ба сабаби вайрон кардани тартиби бақайдгирӣ сабти ном нашуданд.
Ҳамчунин, имсол чанд расонаи мустақили дохилӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла “Азия-Плюс” Радиои Озодӣ ва BBC ҳам аз бозтоби интихоботи парлумонӣ маҳрум шуданд. КМРИТ бо баҳонаи гузаштани муҳлати сабти ном ба онҳо иҷозаи бозтоби интихобтро надод.
Дар ин матлаби “Азия-Плюс” дар бораи кӣ ва аз кадом ҳизбу ҳавза вакили парлумон интихоб шуд, хонед.
Баъди зилзила. Сокинони Рашту Тоҷикобод чӣ аҳвол доранд?
“Азия-Плюс” барои фармоишгарони реклама Telegram-бот бо ҳуши маснӯиро роҳандозӣ мекунад
Шаҳри Қазвини Эрон ва Хуҷанд метавонанд бародаршаҳр шаванд
“Дарди музмин”. Нигаронии сокинон аз талаби пул барои таъмири мактаб
Вазорати тандурустӣ гуфт, дар Тоҷикистон аввалин ҷарроҳии бебуриши талхадон анҷом дода шуд
“Хиёнат ба ҷони паноҳҷӯён”. Амрико паноҳҷӯёни Афғонистонро ба ватанашон мефиристад
Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд
Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷазо барои "лайк" - ро имзо кард
Аз имзои қарордоди $142 млрд аслиҳа то лағви таҳримҳо алайҳи Сурия. Натиҷаҳои рӯзи аввали сафари Доналд Трамп ба Ховари Миёна
“Wildberries” дар Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад ва чаро арзиши хадамоти боррасонии он гарон аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста