Эълонҳо

Имрӯз “Азия-Плюс” ҳафтумин аксияи ҷашнии “Модарони Душанбе”-ро баргузор мекунад. Дар доираи ин иқдом, як автобуси махсуси идона дар хиёбони Рӯдакӣ (дар хатсайри №3) ҳаракат карда, ба бонувон ройгон хизмат мерасонад. Дар ин автобус барои бонувон табрикоти самимӣ, гулҳо ва тӯҳфаҳои дигари хотирмон тақдим мегардад.


Имрӯз соати 17:00 дар Театри давлатии драмаи русии ба номи Маяковский намоишномаи “Панҷ зани Хоҷа Насриддин” ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши чипта 25 сомонӣ буда, дар сомонаи www.ticketon.tj дастрас аст.

Ин намоишнома ҳаҷвӣ пур аз латифа, найранг ва ҳикмати шарқона буда, дар асоси ривоятҳои маъруфи Хоҷа Насриддин таҳия шудааст.


 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 7 МАРТ

Соли 2013 – Ширкати ҳавопаймоии “Tajik Air” хатсайри Душанбе – Бокуро роҳандозӣ кард.

Соли 2015 – Нашрияи бритониёии “The Guardian” мақолаеро дар бораи рӯзноманигорони зан аз кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар бораи Олга Тутубалина, муҳаррири рӯзномаи “Asia-Plus” нашр кард.

Соли 2016 – Дар назди кафедраи “Омӯзиши Осиёи Марказӣ”-и факултети “Муносибатҳои байналмилалӣ”-и Донишгоҳи Кангнами шаҳри Ёнгини Корея шуъбаи забони тоҷикӣ ифтитоҳ шуд.

Соли 2018 – Дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон (дар ноҳияи Шаҳритус) гузаргоҳи роҳи оҳани “Амузанг” ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2020 –Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо занон дар бораи хатари коронавирус сухан гуфта, аз мардум даъват кард, ки осуда бошанд ва ба иттилооти бардурӯғ бовар накунанд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1992 – Мавлуди Зулфия Баҳриддинова, сӯзанидӯз, Рассоми халқии Тоҷикистон.

Намунае аз кори Зулфия Баҳриддинова

Зулфия Баҳриддинова cанъати қаламкаширо аз падар омӯхтааст. Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Ленинобод ва Институти давлатии педагогии Ленинобод буда, беш аз даҳ сол омӯзгор ва директори омӯзишгоҳи мазкур будааст.

Солҳои 1957-1987 сарвари шуъбаи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар Суғд буд. Давоми 70 соли фаъолият беш аз 300 асар офаридааст. Ба туфайли сӯзаниҳои ӯ бисёр нақшҳои сӯзаниҳои садаҳои 18-19 ва аввали садаи 20 (чун нақшҳои “Пайпоқи уштур”, “Офтоб”, “Бодомгул”, “Қаламфур”, “Моҳу ситора”) эҳё гардидаанд.

Соли 1953 – Зодрӯзи Қаҳҳор Расулиён, муҳаққиқ ва таърихнигори тоҷик.

Қаҳҳор Расулиён

Ӯ пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) фаъолияти омӯзгории худро оғоз намуда, дар муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.

Солҳои тӯлонӣ ба омӯзиш ва таҳқиқи тамаддуни тоҷикон, равобити фарҳангии онҳо бо халқҳои ҷаҳон ва нақши фарҳанги эронитаборон дар таърих машғул буда, зиёда аз 30 китоб ва 500 мақолаи илмӣ таълиф намудааст. Аз осори муҳими ӯ метавон “Таърихи халқи тоҷик”, “Ду ҳазор соли таърихнигории тоҷикон”, “Тоҷик кист?” ва "Пантуркизм: дирӯз ва имрӯз”-ро ном бурд.

Як замон декани факултети журналистикаи ДМТ буд.

Соли 1952 – Мавлуди Назарбегим Муборакшоева, собиқ раиси шаҳри Хоруғ.

Соли 1993 – Меҳрубон Назаров, вобиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон, дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт.

Дар бораи кору пайкори Меҳрубон Назаров дар ин мақолаи “Азия-Плюс” шинос шавд: Меҳрубон Назаров, вазири фарҳанге, ки фарҳангро вазири Тоҷикистон кард: 8 бахше аз рӯзгори ӯ

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз рӯзи ихтирои телефон таҷлил мешавад. 7 марти соли 1876, олими амрикоӣ Александр Белл телефони ихтирокардаи худро патент кард. Як сол пас, ӯ нахустин ширкати телефонӣ – “Bell Telephone Company”-ро таъсис дод.


7 марти 1912 Руал Амундсен, сайёҳи норвегӣ аз ҷазираи Тасмания расман эълон кард, ки ба Қутби Ҷанубӣ расидааст. Аслан, ӯ мехост ба Қутби Шимолӣ равад, аммо вақте Фредерик Кук ва Роберт Пири изҳор доштанд, ки онро кашф кардаанд, ӯ самти сафарро ба ҷониби Антарктида иваз кард. 14 декабри соли 1911 ӯ бо чаҳор ҳамсафар ба Қутби Ҷанубӣ расид. Танҳо дар моҳи марти 1912 гурӯҳи ӯ ба Тасмания баргашта, ҷаҳонро аз ин кашфиёти худ огоҳ намуданд.


7 марти 1960 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин гурӯҳи кайҳоннавардон таъсис ёфт. Ин гурӯҳ 12 халабони ҳарбиро дар бар мегирифт, ки аз рӯйи талаботи махсус интихоб шуда буданд. Синнашон то 35 сол, қад на бештар аз 175 см ва вазн то 75 кг буд. Ба ин гурӯҳ шахсиятҳои машҳури кайҳоннавардӣ, аз ҷумла Юрий Гагарин, Алексей Леонов, Валерий Быковский, Владимир Комаров ва Герман Титов шомил буданд.


Як сол баъд, 12 апрели соли 1961, Юрий Гагарин ҳамчун аввалин инсони сайёра ба кайҳон парвоз кард.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 7 МАРТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо баъзан борон борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 7+12º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо баъзан борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, рӯзона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20º сард, рӯзона 2-7º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 15+17º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 3-5º сард, рӯзона 4+6º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.