Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) тавассути қарздиҳӣ ба фаъолияти ширкати пешрафтаи ватании муҳандисиву сохтмонии ҶДММ “Помирэнергосервис” пешниҳоди хизмматгузориро оид ба таъмини устувор бо барқ, корҳои ободонӣ дар таъминот бо об ва сохтмони шабакаҳои телекоммуникатсионӣ дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад.

БАТР дар ҳамдастӣ бо ҶСП “Аввалин Бонки молиявии хурди Тоҷикистон” ба ҶДММ “Помирэнергосервис” дар доираи тақсимоти хавфҳои БАТР ба муҳлати 4 сол ба маблағи 500 ҳазор доллар қарз ҷудо кард.

Маблағ барои дастгирии барномаи сармоягузории асосии ширкат, ки аз харидани таҷҳизоти коркарди фулузот ва тақвияти иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ иборат аст, равона мегардад.

Лоиҳа ба ширкат ҷиҳати истифодаи технологияҳои баландсифати муосир аз лиҳози сарфаи энергия пурсамар имкон медиҳад, ки ба сарфаи ҳаҷми солонаи энергия ба зиёда аз 20% ва коҳиши партоби CO2 дар ҳаҷми 50 ҳазор тонна дар як сол шароит фароҳам меорад.

Ба ҶДММ “Помирэнергосервис” ҷиҳати харидорӣ ва насби таҷҳизоти муосири коркарди металл, рӯшноидиҳии диодӣ, сардкунакҳои хушк, панелҳои офтобӣ, инчунин дигар таҷҳизот ва технологияҳои муосир имкон дода мешавад.

Тоҷикистон аз соли 1992 узви БАТР мебошад. Тӯли ин солҳо Бонк барои амалисозии 135 лоиҳа дар кишвар наздики 900 лоиҳаро саармоягузорӣ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.