Агар соли 2023 даромади миёна барои як нафар тибқи натиҷаҳои таҳқиқот 920 сомониро ташкил медод, пас хароҷот ба каме бештар аз 1105 сомонӣ баробар буд.

Ҳашт сол пеш дигар буд - даромадҳо аз хароҷот барои як нафар дар як моҳ тақрибан 30 сомонӣ зиёдтар буданд.

Хароҷот зиёду даромад камтар

Агентии омори назди президенти Тоҷикистон натиҷаҳои таҳқиқоти буҷети хонаводаҳоро дар соли 2023 ба нашр расонид. Тайи 8 соли ахир маҷмӯи даромади хонаводаҳо барои 1 нафар зиёда аз 2,6 баробар афзудааст.

Агар соли 2016 даромад барои 1 нафар ба ҳисоби миёна 351,14 сомониро дар як моҳ ташкил медоданд, пас аз рӯи натиҷаҳои соли 2023 ин маблағ ба 920,83 сомонӣ расидааст.

Даромади пулии аҳолӣ аз музди меҳнат, фоида аз фаъолияти инфиродӣ, кумакпулиҳои иҷтимоӣ, фоида аз ҳама гуна навъи фурӯшҳо, фоизҳои гуногун аз саҳмгузориҳо, коғазҳои қиматнок ва ғайра иборат аст.

Аҳолӣ аз куҷо пул мегирад?

Даромадҳои кории аҳолӣ дар соли 2023 ба 358,52 сомонӣ ба ҳар як узви оила баробар буд. Ин 38,9% аз даромади умумии ҳар як узви хонавода мебошад. Дар соли 2016 маош 46,7% аз даромади умумиро ташкил медод.

Яъне дар ин давра вобастагии аҳолӣ аз маош зиёда аз 7% коҳиш ёфтааст ва мардум тавонистанд аз ҷойҳои дигар – аз хоҷагии ёрирасони шахсӣ, фурӯши амволи ғайриманқул, фоизҳо аз пасандозҳо, қоғазҳои қиматнок, дивидендҳо ва дигар даромадҳо, аз ҷумла маблағҳои интиқолшуда, пул ба даст оранд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки дар ин давра даромадҳо аз нафақа ва кумакпулӣ 1,5% зиёд шуданд: агар дар соли 2016 ҳиссаи онҳо барои ҳар як узви оила 6,3% буд, пас дар охири соли 2023 ин рақам то 7,8% аз даромади умумии хонаводаҳо расид.

Сурат: Asia-Plus

Дар ин давра фоидаи хонаводаҳо аз хоҷагии ёрирасони шахсӣ бештар шуд – даромадҳо аз полизу заминҳои наздиҳавлигӣ ба ҳар як шахс дар як моҳ аз 43,84 то 136,69 сомонӣ боло рафт.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар соли 2023 музди ҳадди ақалл (минималӣ) дар Тоҷикистон 600 сомонӣ буд (айни ҳол – 800 сомонӣ) ва музди меҳнати миёна 2108 сомониро ташкил медод (имсол – 2569 сомонӣ).

Нисфи даромад барои хӯрок сарф мешавад

Мувофиқи маълумоти таҳқиқот, дар соли 2023 беш аз 47% даромади аҳолии Тоҷикистон барои харидории маводи ғизоӣ (522 сомонӣ) сарф мешуд.

Барои маводи ғайриозуқа дар як моҳ ба ҳар як шахс 38% даромадҳо (423 сомонӣ) сарф мешуд. Қисми боқимондаи 15% хароҷотҳо пардохти хидматрасониҳои гуногун, аз ҷумла нақлиёт ва коммуналиро дар бар мегирифт.

Бояд зикр кард, ки хароҷоти сокинони шаҳр барои ғизо 52% ва барои маҳсулоти ғайриозуқа - 33%-ро ташкил медиҳад.

Дар муқоиса бо соли 2016 тамоюли коҳишёбии хароҷот барои хариди маҳсулоти хӯрокворӣ мушоҳида мешавад. Ба ибораи дигар, тоҷикистониён ё камтар истеъмол мекунанд ё бештар аз боғу заминҳои худ ғизо мегиранд.

Дар он сол хонаводаҳо бо ин мақсад ҳар моҳ ба ҳар як узви оила тақрибан 55% даромади худро сарф мекарданд. Дар ҳамин ҳол, хароҷот барои маҳсулоти ғайриозуқа 15% афзоиш ёфтааст.

Сурат: Asia-Plus

Қисми зиёди хароҷот барои маводи ғизоӣ ба хариди маҳсулоти нонӣ ва гӯштӣ рост меояд – мутаносибан 31% ва 21%.

Дар байни маҳсулоти ғайриозуқа аҳолӣ бештар барои хариди либос ва пойафзол – 24%, молҳои дигари маишӣ – 21%, сӯзишворӣ – тақрибан 15%, ва масолеҳи сохтмонӣ – 11% сарф мекунад.

Дар тӯли 8 сол хароҷот барои хидматрасониҳои гуногун тақрибан 3,8 маротиба афзоиш ёфтааст: агар дар соли 2016 ин хароҷот 38,75 сомонӣ ба ҳар сари аҳолиро ташкил медод, пас дар соли 2023 он ба 146,62 сомонӣ расидааст.

Мавқеи аввалро дар хароҷот пардохти хизматрасониҳои шахсӣ ишғол мекунад – 27%;

Хоҷагии манзилию коммунал, аз ҷумла барқ – 25%;

нақлиёт – 17%;

алоқа – 12%.

Дар муқоиса бо соли 2016 хароҷот барои хизматрасониҳои шахсӣ (38 маротиба) ва хизматрасониҳои муассисаҳои фарҳанг (10 маротиба), инчунин хароҷот барои истифодаи муассисаҳои томактабӣ (16%) ва алоқа (11%) зиёд шудааст.

Дар дигар категорияҳои хизматрасонӣ коҳиши хароҷот дар ифодаи фоизӣ ба мушоҳида мерасад.

Талабот ба гӯшт, тухм ва сабзавот афзуд

Дар 8 соли охир истеъмоли сабзавот ба таври назаррас зиёд шудааст. Агар дар соли 2016 ҳар як шахс солона 79,7 кг сабзавот истеъмол мекард, пас дар соли 2023 ин рақам ба 118,2 кг расидааст.

Ба гуфтаи коршиносон, ин ба он вобаста аст, ки дар солҳои охир хоҷагиҳо бештар консерв ва меваҳои хушк захира мекунанд.

Сурат: Asia-Plus

Дар соли 2023 хароҷот барои хариди гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ (113,12 сомонӣ дар як моҳ ба ҳар як шахс) 46% афзудааст. Дар соли 2016 аҳолӣ барои хариди гӯшт ба ҳар як узви оила 22,47 сомонӣ сарф мекард.

Ҳамзамон бо афзоиши хароҷот, истеъмоли гӯшт низ зиёд шудааст. Дар соли 2023 ба ҳар як шахс дар як сол 24,2 кг гӯшт рост меояд, дар ҳоле ки дар соли 2016 ин нишондиҳанда 14,7 кг дар як солро ташкил медод.

Мувофиқи таҳқиқоти Агентии омор оид ба буҷети хонаводагӣ, сокинони шаҳр нисбат ба сокинони деҳот бештар гӯшт истеъмол мекунанд – 30,1 кг ба ҳар як шахс, дар ҳоле ки дар деҳот ин рақам 20,3 кг дар солро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки меъёри тасдиқшудаи истеъмоли гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ дар Тоҷикистон 40,8 кг мебошад.

Дар ҳамин давра истеъмоли тухми мурғ 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст – аз 64 дона дар соли 2016 ба 138 дона дар соли 2023.

Дар мавриди дигар маҳсулот камшавии истеъмол мушоҳида мешавад, ҳарчанд хароҷот барои онҳо аз 5 то 20% зиёд шудааст.

Саводнокии молиявӣ начандон қаноатбахш аст

Маъмулан мардум аксар вақт шикоят мекунанд, ки даромади онҳо хароҷотро пурра намепӯшонад. Дар аксари оилаҳо нархи баланди молу хизматрасониҳо мушкилоти асосӣ мебошад.

Ҳамзамон ба андешаи баъзе коршиносон, истифода ва тақсимоти ғайримақсадноки маблағҳо низ ҷой дорад, ки аз сатҳи пасти саводнокии молиявии қисми зиёди аҳолӣ гувоҳӣ медиҳад.

Маҳсулот гарон шуда, хароҷот барои хизматрасониҳои коммуналӣ, нақлиёт, тиб ва маориф боло меравад. Дар чунин шароит одамон аксар вақт пасандозҳои худро эҳтиёт накарда, онро барои молу маҳсулоти ниёзи дуюмдараҷа сарф мекунанд.

Дар деҳот барои ташкил ва иштирок дар чорабиниҳои гуногуни оилавӣ, аз ҷумла тӯй, ҳоҷиошӣ, маросимҳои азо ва ғайра хароҷот зиёд мешавад. Дар ҳар кадоме аз ин чорабиниҳо барои туҳфаи муносиб маблағ сарф мешавад. Барои пӯшонидани ин хароҷот, бисёр оилаҳо ба сарфаи маблағ аз ҳисоби ғизо ва либос маҷбур мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.