Дар минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ) нишондиҳандаи баландтарини об ба ҳар сари аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, гуфта мешавад дар гузориши нави Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО).
Захираҳои оби нӯшокӣ дар сайёра бо ҳисоб ба ҳар сари аҳолӣ тайи 20 соли ахир беш аз 20% кам шуданд, хабар медиҳанд коршиносони ФАО. Онҳо зарурати идоракуни бештар пурсамари захираҳои обиро таъкид мекунанд.
“Гузориши ФАО - бонги изтироб аст. Барои ҳалли мушкилоти норасоии об дар бахши кишоварзӣ ҳарчи зудтар қабул кардани тадбирҳои қатъӣ лозим аст”, - изҳор доштааст роҳбари Созмон Тсюй Дунъюй.
Дар ФАО қайд мекунанд, ки барои идоракунии пурсамари захираҳо обӣ, аз ҷумла ҷорисозии кишти зироати ба хушкӣ тобовар, истифодаи технологияҳои навтарин дар соҳаи аграрӣ, таҷдиди низомҳои обёрӣ ва ҷорӣ намудани квота ба об пешбинӣ шудааст.
Тибқи маълумоти коршиносони байнулмилалӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 10-гонаи пешсафони истеъмоли об дар ҷаҳон дохиланд: Туркманистон (5 319 м3/дар як сол, Қазоқистон (2 345 м3/дар як сол), Ӯзбекистон (2 295 м3/дар як сол), Қирғизистон (1 989 м3/дар як сол), Тоҷикистон (1 895 м3/дар як сол). Дар Русия ин нишондиҳанда тақрибан 0,4 ҳазор м3/дар як солро ташкил медиҳад.
Истеъмоли сатҳи баландтарини об дар муқоиса бо захираҳои барқароршавандаи худии об барои кишварҳои Ховари Миёна хос аст.
Дар кишварҳои паҳнои пасошӯравӣ бошад, боз ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ пегшсафанд: Ӯзбекистон (115,7%), Туркманистон (99,59%), Тоҷикистон (74,84%), Қирғизистон (42,37%), Арманистон (36,39%), Озарбойҷон (34,75%), Қазоқистон (30,47%), Украина (26,88%), Молдова (19,83%), Беларус (4,81%), Гурҷистон (2,56%), Русия (1,46%), Эстония (1,23%), Литва (1,07%), Латвия (0,81%).
Гуфта мешавад, барои гирифтани як воҳиди маҳсулот дар бахши кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ 1,5-3 баробар бештар нисбат ба кишварҳои рушдёфта об сарф мешавад.
Имрӯз дар хоҷагии оби Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ дар заминҳои кишти обёришаванда ва дар энергетика 92% ва дар саноату хоҷагии коммуналӣ - 4%-и ҳаҷми оби истеъмолшаванда харҷ мешавад.
Дар Тоҷикистон мушкилот дар таъминот бо об низ ба қайд гирифта шудааст.
Ҳудуди 58%-и аҳолии ҷумҳурӣ ба таъминоти мутамарказ бо об дастрасӣ надоранд. Баъзе аз қисмати аҳолӣ то ҳол ба оби кашонидамешуда вобастаанд. Ҳудуди 30%-и шабакаҳои обрасонии кишвар бо сабабҳои гуногун кор намекунанд. Фарогирии аҳолӣ бо шабакаи обу корез наздики 23%-ро ташкил медиҳад, аз ҷумла 89% - аҳолии шаҳрҳо ва 10,1% - аҳолии шаҳрак ва марказҳои ноҳия.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.