Бо дастури ҳукумати Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ оид ба назорати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ таъсис дода шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ситод дар ҷаласаи селектории якҷоя таҳти роҳбарии вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода бо иштироки намояндагони ВКД, КДАМ, Прокуратураи генералӣ, Агентии мубориза бо коррупсия, Вазорати энергетика, Кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш ва ШСХК “Барқи тоҷик” таъсис ёфт.
Дар ҷаласа қайд шуд, ки дар робита ба анҷоми корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар иншооти энергетикии кишвар ва барқарор шудани интиқоли мунтазами барқ ба аҳолӣ, зарурати назорати сарфакоронаи неруи барқ аз ҷониби шаҳрвандон дар давраи зимистон ба миён омад.
Ситоди ҷумҳуриявӣ аз 10 декабр фаъолияти худро дар миқёси ҷумҳурӣ оғоз намуда, дар ҳар як шаҳру навоҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи барқ миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.
Гуфта мешавад, аз тарафи гурӯҳҳои корӣ низоми истифодабарии барқ аз тарафи ҳар як шаҳрванд, корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон санҷида мешаванд.
Инчунин аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш карда шудааст, ки дар давраи зимистон барқро сарфакорона истифода намуда, масъулияти баланди шаҳрвандии хешро нишон диҳанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.