Бо ибтикори собиқ сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ ва дастгирии Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар 3 май дар бинои Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатия муаррифии китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих”, ки ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва нашр шудааст, доир гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон, сафирони кишварҳои хориҷӣ, директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ, ректори Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатия, мудирони кафедраҳои Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи давлатии забонҳои Ӯзбекистон, муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Овози тоҷик” ва дигарон ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, дар чорабинӣ иштирокдорон атрофи китоби мазкур, ки дар бораи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик, нақши он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳикоя мекунад, ибрози андеша карданд. Зимнан таваҷҷуҳи махсус ба дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ва нақши роҳбарони ду кишвар дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба зоҳир шуд.

Қобили зикр аст, ки китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” қаблан дар Алмато, Қоҳира ва Пекин рӯнамоӣ шуда буд. Соли 2016 дар шаҳри Ҳисор ба ифтихори ин китоб муҷассама гузошта шуд, ки ба шакли як китоби кушода буда, дарозиаш 4 метр ва паҳноиаш 6 метрро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.