Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикитсон Ҷамолиддин Абдуллозода дар мусоҳиба ба хабарнигори “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки овозаҳои дубора ба кишвар баргаштани ҳолатҳои сироят аз коронавирус асоси воқеӣ надоранд.
“ВАО хабар медиҳанд, ки шахсони гирифтори COVID-19 боз дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд. Ин гапҳо нодурустанд”, - изҳор дошт вазир.
Ба гуфтаи ӯ, асли гап он аст, ки дар ҷумҳурӣ якчанд ҳолатҳои “гирифтории такрорӣ ба бемории илтиҳоби шуш (пневмония) ба қайд гирифта шудааст”.
“Онҳо огоҳӣ ва тавсияҳои табибонро нодида гирифта, ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шудаанд. Бо супориши шахсии ман онҳо на дар шуъбаҳои сироятӣ, балки дар шуъбаи дармонӣ (терапевтӣ) бистарӣ шудаанд. Онҳо дар натиҷаи оббозӣ дар обанборҳо ва бар асари обуҳавои номусоиди рӯзҳои ахир ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шудаанд. Ин бемории онҳо ба атрофиён хатар надошта, аз як кас ба каси дигар намегузарад”, - гуфт вазир.
Ӯ аз рӯзноманигорон дархост намуд, ки “бо хабарҳои беасос мардум ва меҳмонони кишварро ба ташвишу таҳлука наандозанд”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.