Имрӯз аз оғози хуруҷи мавҷи нави коронавирус дар кишвар як моҳ сипарӣ шуд. Мо натиҷагирӣ кардем: штамми “делта” дар мо ба гумони ғолиб ҳаст, аз ин рӯ, ҳолатҳои сироятбӣ афзуда, ҷараёни беморӣ душвортар шуд, Вазорати тандурустӣ ҳоло ҳам омори воқеиро пинҳон дошта, дар ҳамин ҳол, аллакай кӯдакони хурдсол ба ин беморӣ гирифтор мешаванд.
Мувофиқи маълумоти омори расмии Вазорати тандурустӣ, дар ҷумҳурӣ аз оғози сол 13 ҳазору 308 нафар сироят ёфта, 90 нафар фавтиданд. Давоми як моҳ то 22 июли соли равон Вазорат 983 ҳолати нави сироятёбиро аз коронавирус ба қайд гирифта, 25 нафар дар ин давра вафот карданд.
“Делта” дар Тоҷикистон ҳаст, лекин Вазорати тандурустӣ аз ин огаҳӣ надорад
Ба гуфтаи табибон, ҳолатҳои сироятёбӣ дар мавҷи дуюми коронавирус зиёдтар буда, вазъро штамми нави он - “делта” душвортар мегардонад.
“Имрӯз вазъ нисбат ба соли пешин бадтар аст, лекин ба назар мерасад, ки мардум одат карда, воҳима ва тарсу ҳарос нест. Ҳоло коронавирус асосан ба минтақаҳое ҳамла мекунад, ки соли гузашта ба онҳо осеб нарасонида буд. Яъне, дар он ҷое, ки соли гузашта ҳодисаҳои сироятёбӣ кам буданд, имсол беморон зиёданд”, - мегӯяд духтури яке аз бемористонҳои Душанбе, ки дар сафҳои аввали муқовимат бо ин беморӣ қарор дорад.
Ба ин ақидаи ӯ дигар табибон низ ҳамфикранд. Ба қавли мудири кулли дармонгоҳи хусусии “Ибни Сино” Абдухалил Холиқзода, штамми ҳозира бештар хатарнок мебошад.
"Мувофиқи маълумоти мутахассисони хориҷӣ, штамми ҳозира сироятёбандатар ва ҷараёни беморӣ шадидтар аст, ки ин асосан бо мушоҳидаҳои табибони мо тасдиқ карда мешавад", - мегӯяд Холиқзода.
Ба гуфтаи вай, озмоишгоҳи онҳо наметавонад штаммҳои коронавирусро ошкор кунад ва ба сурати умум, чунин як озмоишгоҳ дар Тоҷикистон тақрибан вуҷуд надорад. Аммо тибқи аломатҳо, ҳоло дар Тоҷикистон штамми нав - "делта" паҳн мешавад.
Боз як духтури дигари беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд Мамлакат Турсунова низ чунин мешуморад, ки "дар мо аллакай штамми нави делта ҳаст".
“Нисбат ба дигар вариантҳои коронавирус аз он зудтар сирят метавон ёфт. Қаблан пеш аз воридшавӣ ба шушҳо вирус дар гулӯ 3-4 рӯз боздошт мешуд. Тарзи пурсамари табобат истеъмоли нӯшокии зиёд ба шумор мерафт. Ба ин тариқ, вирус тадриҷан заъиф шуда, дар низоми шуш дигар паҳн намешуд. Лекин “Делта” дарҳол ба шуш роҳ меёбад. Аломатҳояш камтар зоҳир мешаванд, лекин беморӣ душвор ҷараён мегирад”, - мегӯяд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Мамлакат Турсунова зикр кард, ки дар таҷрибаи ӯ аллакай ҳолати гирифтории кӯдак ба бемории коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
“Ду ҳафта пеш дар шуъбаи ман зане бо коронавирус бистарӣ буд ва ҳамагӣ чанде пеш келини ӯ бо духтарчаи 6-моҳааш бистарӣ шуд. Аз рӯйи натиҷаҳои ташхис дар ҳар се нафар ҳам COVID-19 ошкор шуд”, - зикр кард табиб.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, штамми “делта” дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.
“Ҳисоботи озмоишгоҳҳо дар бораи натиҷаҳои ташхиси аҳолӣ ҳамарӯза ба Вазорати тандурустӣ пешниҳод гардида, штамми ҳиндӣ ошкор нашудааст”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорат.
Сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров чунин изҳор дошт: “Мо COVID-19-ро табобат мекунем ва тамом. Аз ҳама муҳимаш ҳамин аст. Муайян кардани штаммҳои он вазифаи озмоишгоҳҳо мебошад”.
Ба мо танҳо ваксинзанӣ ёрӣ мерасонад?
Мудири кулли дармонгоҳи “Июни Сино” мегӯяд, Вазорати тандурустӣ аз таҷрибаи соли гузашта сабақ гирифта, ҳозир талош меварзад, ки ба хатогиҳо роҳ надиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, беморхонаҳо бо оксиген (кислород) ва воситаҳои зарурӣ таъминанд ва барои ба эътидол овардани вазъ ва нигоҳ доштани афзоиши афзоиши шумораи беморон ва фавт тадбирҳои эмкунии аҳолиро тақвият додан лозим аст.
“Аввалан, миқдори кофии ваксина дастрас кардан ва сониян, корҳои фаҳмондадиҳӣ зарур аст. Дар ҳақиқат, аксари онҳое, ки ҳоло ин бемориро душвор паси сар мекунанд, дар мавҷи аввал бемор нашуда, худро эм накарданд. Онҳое, ки қаблан ба ин беморӣ гирифтор шудаву ё ваксина гирифтанд, одатан бемориро ба осонӣ мегузаронанд”, - мегӯяд ӯ.
Ҳамчунин, ӯ зикр кард, ки одамоне, ки ба гурӯҳҳои осебпазир мансубанд, аз ҷумла онҳое, ки бемор набуданд ва эм карда нашуданд, бояд тадбирҳои пешгирикунандаро қатъӣ риоя кунанд.
То 16 июл дар Тоҷикистон ҳамагӣ 421 ҳазору 832 нафар аз ваксиназанӣ гузашта, танҳо 20 ҳазору 190 нафар ҳар ду воя (доза)-и ваксинаро гирифтанд.
Киҳоро талаф додем
Аз мавҷи нави коронавирус, ба мисли мавҷи аввал, одамони зиёд вафот мекунанд. То рӯзи 21 июл шумораи расмии фавтидагон аз коронавирус дар Тоҷикистон аз оғози пандемия ба 114 нафар расид. Дар мавҷи нави пандемия - дар як моҳ, бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, 24 нафар фавтиданд.
Мо танҳо номи онҳоеро медонем, ки дар бораашон дар васоити ахбори умум ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода шуд. Беш аз 30 нафар ҳисоб кардем...
Байни онҳо чунин шахсон ҳузур доранд: Ғанихон Тӯраев - полковники Вазорати мудофиа, Ҷамшед Ҷаҳонгирзода - корманди Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, Қаюм Одинаев - яке аз моликони корхонаи истихроҷи тиллои “Одина”, Қобилхоҷа Қобилов - собиқ роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ, Қурбоналӣ Абдураҳимзода - муовини вазири фарҳанг, Қурбоналӣ Раҳмон - Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Лайлӣ Мақсудова - сардори шуъбаи муносибатҳои байнулмилалии “Тоҷикстандарт”, Наргис Ҳакимова - табиб-дерматолог (мутахассиси бемориҳои пӯст), Нигина Шаропова - собиқ муовини сарвазир, Раҷабалӣ Саидвализода - роҳбари дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президент, Убайдулло Раҷаб - Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Фарида Мансурова - табиб, Шералӣ Абдулқайсов - Ҳунарманди халқӣ, Абдураҳмон Боқизода - ходими дин, Роҳат ва Фарзон - ҳамсар ва писари шоир Саидалӣ Маъмур, Ҳомидҷон Устоев - майор, собиқ корманди милитсияи Бохтар, Ӯзбекбӣ Асадуллоева - модари ҳамсари президенти ҶТ, Сафарбек Солиев - коргардони кино ва таҳиягари филмҳои мустанад, Амин Ҳакимов - мудири кулли ҶДММ «Волна», Назокат Бузрукова - табиб, Намоз Бердиев - профессор, Саъдулло Исломов - доктори илмҳои иқтисодӣ, Мунаввара Усмонова - собиқ ровии телевизион, Абдусалом Қурбониён - собиқ вазири молия, Қурбонбӣ Раҳмонова - хоҳари президенти Тоҷикистон, Идигул Қосимзода - вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва раиси пешини Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон.
Вазорати тандурустӣ огоҳона ҳолатҳои сироятёбӣ ва фавтро дар кишвар кам нишон медиҳад. Мо талош варзидем, ки рӯйхати ном ба номи расман фавтидагонро дастрас намоем, вале натиҷае ҳосил нашуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.