Дар ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистон имрӯз ба муносибати ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон парадҳои ҳарбӣ баргузор шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар полковник Фаридун Маҳмадалиев.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар онҳо ҳамагӣ зиёда аз 162 ҳазор сарбозону афсарон ва низомиёни захираҳои сафарбарӣ ширкат варзиданд.

“Танҳо дар паради ҳарбии Душанбе бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳудуди 30 ҳазор сарбозону афсарон ва низомиёни захираҳои сафарбарӣ ширкат варзиданд”, - гуфт номбурда.

Ӯ таъкид дошт, ки ҳамаи иштирокчиёни гузашти низомӣ то ин дам ба макони будубоши доимии худ баргаштанд.

Зимнан зикр шуд, ки дар таърихи Тоҷикистон то ин дам чунин парадҳои ҳарбии бузургмиқёс доир нагардида буданд.

Дар Суғд - танҳо бонувон

Хадамоти матбуоти сарвари давлат ҳоло аксҳоро аз паради ҳарбӣ дар майдони асосии кишвар чоп накарда, дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук аз паради ҳарбӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд аксҳо ба нашр расонид.

1/8

Иқтидори Хатлон

1/14

Ёдрас мекунем, ки субҳи 9 сентябр дар майдони “Дӯстӣ” раҳпаймоиии сокинони шаҳр баргузор мешавад, ки дар он зиёда аз 45 ҳазор сокинони пойтахт ширкат меварзанд.

Шоми ҳамин рӯз дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт бахшида ба солгарди ҷашни Истиқлолият бо иштироки ҳудуди 20 ҳазор нафар намоиши театришуда баргузор мешавад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросимҳои раҳпаймоии идона ва намоиши театришуда низ шахсан иштирок хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.