Дар шаҳри Душанбе рӯзи 9 октябр маросими ифтитоҳи Хонаи савдои “Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” доир гардид.

Дар ин маросим сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ва мудири кулли ширкати сармоягузории “Ориён Инвест” Саидисматулло Валиев иштирок карданд.

Меҳмононро намояндагони Хонаи савдо – мудири кулл Дилшодбек Музаффаров ва мудир Боҳир Мӯсоев пешвоз гирифтанд.

Ҳадаф аз ифтитоҳи Хонаи савдо фароҳам овардани як қатор шароитҳои қулай барои соҳибкорон, аз ҷумла кумаки амалӣ дар дарёфти харидорони нав тариқи рекламаи маҳсулот ва навъҳои хизматрасонӣ дар Тоҷикистон бо мақсади тавсеъаи минбаъдаи фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии Ӯзбекистон мебошад.


Дар ин ҷо савдои яклухти номгӯи васеи молу маҳсулоти гуногуни истеҳсоли Ӯзбекистон: масолеҳи сохтмон, мебели мулоиму кӯдакона ва барои ошхона, маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин содирот ва воридоти молу маҳсулоти зарурӣ барои дигар соҳаҳои Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Ҳамчунин Хонаи савдо ба сифати майдони баргузории намоишгоҳ ва ярмаркаҳои маҳсулоти гуногуни истеҳсолкунандагони Ӯзбекистон истифода шуда метавонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.