Дар қаламрави ҷумҳурӣ чорабиниҳои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус идома доранд.

Бо назардошти афзоишии ҳолатҳои сирояти аҳолӣ аз коронавирус дар як қатор кишварҳо, аз 16 август дар Тоҷикистон маъракаи ваксинзании кормандони тиббии ҷумҳурӣ оғоз гардид, ки маротиба чорум аст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, то 19 август зиёда аз 5,3 млн нафар бо вояи 1-ум, 5,22 млн нафар - бо вояи 2-юм ва беш аз 4,9 млн нафар - бо вояи 3-юми ваксинаи зидди коронавирус фаро гирифта шудаанд.

Гуфта мешавад, ҷиҳати бо ваксинаи зидди коронавирус фаро гирифтани шаҳрвандон 18,29 млн вояи ваксина равона шудааст.

Дар Вазорат илова намуданд, ки ҳолати охирини сироят аз коронавирус дар Тоҷикистон 20 феврали соли ҷорӣ ба қайд гирифта шуда, вазъи марбут ба ин бемори дар қаламрави кишвар дар “сатҳи мусоид” қарор дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.