Дар Тоҷикистон оид ба парвариши растаниҳои тропикӣ озмоишҳо гузаронида мешаванд. Боғдорони ҳаваскор аллакай ба парвариши киви ва манго машғуланд.

Ба гуфтаи боғпарвар Искандар Розиқов кивиро дар Тоҷикистон метавон дар майдони кушод парвариш намуда, ҳосил ба даст овард.

“Парвариши киви дар водии Рашт ва дигар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон қулай аст, зеро ба ин растанӣ ҳавои гарм лозим нест, - чунин мешуморад Розиқов. - Барои манго, банан ва папайи бошад, гармхона лозим аст”.

Ба Искандар Розиқов, ки дар хоҷагии худ киви парвариш намуда, аллакай маззаи ҳосили начандон зиёдашро низ чашидааст, дигарон ҳам пайравӣ карданд.


Ниҳолҳои банан аз Ӯзбекистон оварда мешаванд. Дар ин ҷо ҳам парвариши банан ва папайяро озмоиш мекунанд. Дар сомонаи расмии Вазорати кишоварзии ин кишвар дар бораи парвариши банану манго ва папайя дар Фарғона гузориши махсус нашр шуд.

Дурнамои тиҷорати парвариши банану киви ва мангову папайи дар Тоҷикистон таҳқиқи махсуси олимон ва мутахассисонро тақозо мекунад. Боғпарварони ҳаваскор озмоишҳоро идома медиҳанд.


Ҳанӯз соли 2021 портали интернетии EastFruit дар бораи сохтмони 4 гармхонаи инноватсионӣ дар гидропоника дар Суғд хабар дода буд, ки дар онҳо дар баробари помидору бодиринг ва қаланфури булғорӣ, парвариши банан ҳам ба нақша гирифта шуда буд.

Кишоварзони ноҳияи Спитамен мехостанд, ки дар як гектари гармхона 100 ниҳоли банан шинонида, дар солҳои наздик ҳудуди 45-50 тонна ҳосил гиранд. Банан то ҳол аз хориҷи кишвар оварда мешавад. Парвариши банан дар хоҷагии “Дӯстобод-2” таҷрибаи аввалин дар ин самт хоҳад буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.