Раиси шаҳри Душанбе супориш дод, ки барои кумаки якдафъаина ба 5 ҳазор нафар сокинони пойтахт аз буҷети шаҳр 6 млн 812 ҳазору 299 сомонӣ ҷудо карда шавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд.

Кумаки мазкур ба чанде аз гуруҳҳои иҷтимоии шаҳрвандон расонида мешавад.

Аз ҷумла ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 169 ҳазор сомонӣ ва ба кормандони хадамоти коммуналии шаҳр - 4 млн 524 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Ятимону бепарасторон ва шахсони яккаву танҳо ба маблағи умумии 2 млн 119 ҳазору 299 сомонӣ кумак мегиранд.

Ёдрас мекунем, ки қарори дахлдор дар бораи ҷудо кардани кумакпулӣ пеш аз ҷашни 31-умин солагии  Истиқлоли давлатиии ҷумҳурӣ содир гардида буд.

Дар шаҳрдории пойтахт зикр карданд, ки кумак имрӯз, 8 сентябр ба дасти шахсони таъиншуда расонида мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.