Дар остонаи таҷлили ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ин хусус қарори дахлдор ба имзо расонид.
Кумакҳои пулию моддӣ ба 5 ҳазор нафар, аз ҷумла ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ятимони кулли муассисаи давлатии таҳсилотӣ барои кӯдакони ятим ва бепарастор, инчунин кормандони муассисаҳои роҳсозии шаҳри Душанбе расонида мешавад.
Ҳамчунин бар асоси қарори мазкур раисони ноҳияҳои пойтахт муваззаф гардиданд, ки дар арафаи таҷлили ҷашн ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ ба ятимону бепарасторон ва шахсони яккаву танҳо тадбирҳо андешанд.
Дар хабари шаҳрдорӣ доир ба маблағи мушаххаси кумакҳои пулию моддӣ, инчунин маблағи умумии ҷудошуда аз буҷети шаҳр бо ин мақсад маълумот дода намешавад.
Таҷлили ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 9 сентябр баргузор мешавад.
Як рӯз пеш аз таҷлили ҷашн, 8 сентябр дар Душанбе бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи меъмории “Истиқлолият ва Озодӣ” мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Маълумоти муфассал дар бораи чӣ гуна дар Душанбе ҷашн гирифтани ид бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста