Ба муносибати ҷашни 31-умин солгарди истиқлолияти ҷумҳурӣ, ки 9 сентябр таҷлил мегардад, дар Душанбе бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи меъмории “Истиқлолият ва Озодӣ” мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз шуъбаи фарҳанги шаҳрдории пойтахт.
Маросими тантанавии ифтитоҳ 8 сентябр доир гардида, сипас бо иштироки гуруҳҳои эҷодӣ ва ҳунармандони шинохтаи кишвар барномаи фарҳангӣ намоиш дода мешавад.
Зимнан зикр шуд, ки рӯзи ҷашни истиқлолияти кишвар рӯзҳои 8 ва 9 сентябр аз субҳ дар ҳамаи боғҳо консерту дигар чорабиниҳои идона баргузор мешаванд.
Ҳамчунин рӯзи 9 сентябр соати 18:00 дар маҷмааи “Истиқлолият ва Озодӣ” барои сокинон ва меҳмонони шаҳр консерти идона доир мегардад. Даромадан ба тамошои консерт бепул аст.
Дар консерт артистони Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи президент, дастаҳои рақсии «Гулрез», «Парасту», «Ҷаҳоноро», «Зебо, «Чаман», «Базморо», сарояндагон Фурқат Саидзода, Фархор Хайридин Шариф, сарояндагони ансамбли «Фалак» Фотима Машрабова, Дилшоди Файзуло, Рӯзибой Идизода, Сорбон Тағоев, Алишер Қаноатзода ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ҳамчунин ҳунарманди ансамбли давлатии “Шашмақом” Музаффар Бойматов, солисти ансамбли «Дарё» Ҳақназар Аловатов, артисти Иттифоқи давлатии дастаҳои эҷодӣ ва консертӣ Ҳакими Шойдон, овозхони ансамбли эстрадии “Гулшан” Соро Аҳмадӣ, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Муҳаммадрофеъи Кароматулло ва дигар ҳунармандон низ хотири тамошобинонро болида хоҳанд кард.
Ёдрас мекунем, ки маҷмааи меъмории “Истиқлолият ва Озодӣ” дар қафои Донишгоҳи омӯзгорӣ, меҳмонхонаи “Авеста” ва маҷмааи “Кохи Ваҳдат” ҷойгир аст. Маълумоти муфассал доир ба ин маҷмаа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста