Имрӯз, 19-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳи Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Данғара ба сохтмони як маркази ҷавонон, ду мактаби нав ва як театри драмавӣ санги асос гузошта, 7 мактабу кӯдакистонро ифтитоҳ кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии раисҷумҳур иттилоъ медиҳад.
Раисҷумҳур дар ба корҳои сохтмони бинои Маркази ҷавонон санги асос гузошт. Тавре гуфта мешавад барои сохтмони бинои 7 ошёнаи дар маркази ноҳия 18 садяк замин ҷудо шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар Данғара ба корҳои сохтмони бинои 3 ошёнаи МД “Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии Данғара” оғоз бахшид. Дар назар аст, ки бинои театр аз 4 толори калон, ки дорои 1 ҳазору 700 ҷойи нишаст аст сохта шавад.
Гуфта мешавад, ки баландии толори асосӣ 18 метр, ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлӯӣ, саҳнаи пушт, ҳуҷраҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурӣ хоҳад буд.
Ҳамчунин дар назар аст, ки барои мутахассисони риштаи овозхонӣ, коргардонӣ ва навозандагӣ дар ошёнаи сеюми бино 11 синфхонаи таълимӣ таъсис шавад. Ба сохтмони бинои театр беш аз 150 нафар сокинони маҳаллӣ ҷалб гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба сохтмони биноҳои ду мактаби нав дар ноҳияи Данғара санги асос гузошт.
Тавре гуфта мешавад мактаби нав дар кӯчаи ба номи Оимхол Абдуллоева бунёд мегардад, ки барои 3100 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Мактаби нав аз ҳисоби сокинони ноҳия бунёд мегардад ва то соли хониши 2026-2027 сохтмони он ба анҷом мерасад.
Мактаби дигар дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корези ноҳияи мазкур то моҳи сентябри соли 2026 сохта мешавад.
Мактаби мазкур барои 2160 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, ки аз ҷониби соҳибкорони ноҳия ва аҳолии деҳоти мазкур бунёд мегардад.
Раисҷумҳур дар идомаи сафари корӣ роҳи мошингарди Ҳусеншайх- Хуррамзамини ноҳияи Данғараро ифтитоҳ кард.
Гуфта шудааст, ки дарозии роҳ 18,5 километр ва паҳноияш 6,2 метр буда, аз сокинони деҳаҳои Ҳусеншайх, Лоларух, Булёни боло, Навобод, Зулол ва Хуррамзамини ноҳияи Данғара аз роҳи мазкур истифода мекунанд. Инчунин дар роҳи мазкур 3 пули нав бунёд гардида, 15 қубури оҳану бетонӣ насб гардидааст.
Ҳамчунин раисҷумҳур дар деҳаи Ғиҷоваки ноҳияи Данғара бо раванди корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми ҶДДМ “Муосир” ва бо парвариши сабзавоту полезӣ дар хоҷагии деҳқонии “Саодатшо” шинос шуд.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон бинои мактаби №24 ва муассисаи томактабии “Ворисон”-ро дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара, ифтитоҳ кард.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дуошёнагӣ буда 2160 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро мегирад ва аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ дар муҳлати 8 моҳ сохта шудааст.
Муассисаи мазкур дорои 36 синфхонаи таълимӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ бо 198 курсӣ, китобхона, ошхона бо 95 ҷойи нишаст, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон аст.
Муассисаи томактабии “Ворисон” аз ҷониби соҳибкорони ноҳияи мазкур дар масоҳати беш аз 1 гектар замин сохта шудааст. Бино дорои 17 хуҷра барои гузаронидани машғулиятҳо, аз ҷумла 5 хуҷраи хобу истироҳат, ошхона бо 25 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон аст.
Дар деҳаи Булёни болои ноҳияи Данғара бинои муасисаи миёнаи таҳсилоти умумии №15-ро ифтитоҳ кард.
Муассисаи мазкур барои 2160 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида дорои 36 синфхонаи муҷаҳҳаз, китобхона, толори баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бо 198 ҷойи нишаст, ошхона, толори варзиш ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Хадамоти матбуотии раисҷумҳур менависад, ки имрӯз дар 88 муассисаи таълимии ноҳияи Данғара ҳудуди 52 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Булёни болои деҳоти ба номи Исмат Шарифови ноҳияи Данғара муассисаи томактабии №8 бо номи “Хушбахт”-ро ифтитоҳ кард, ки дар деҳаи мазкур нахустин муассисаи томактабӣ маҳсуб меёбад.
Раисҷумҳур дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Исмат Шарифов бинои нави таълимии №86-ро, ки барои 720 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ кард.
Гуфта мешавад, ки бинои тозабунёд аз як ошёна ва 12 синфхонаи таълимӣ иборат буда, аз ҷониби соҳибкорон ва сокинони деҳа бунёд шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар деҳаи Булёни поёни ноҳияи Данғара мактаби №11-ро, ки барои 2160 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ кард.
Мактаб дуошёнагӣ буда дорои 36 синфхона ва дигар ҳуҷраҳои корӣ мебошад.
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара раисҷумҳури кишвар дар деҳоти Булёни поён кӯдакистони “Дурахшон”-ро ифтитоҳ кард.
Бинои муассиса як ошёна буда, дорои 3 синфхонаи таълимӣ ва 3 ҳуҷраи хоб аст ва барои 100 нафар фарзандони сокинони деҳаҳои “Дурахшон – 1” ва “Булёни поён” пешбинӣ шудааст.
Сафари прзидент ба ноҳияи Данғара идома дорад.
Парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк”. Пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон вазъ тағйир меёбад?
Усмонзода бозпурсӣ шуд. Мурофиаи сеюми чеҳраҳои шинохта боз ҳам паси дарҳои баста баргузор шуд
Арзиши барқ барои корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ - “Азот” поин рафт
Ӯзбекистон маблағи пардохти гумрукиро барои сементи Тоҷикистон 9 баробар зиёд кард
“Моро дар кӯча намонед”. Муроҷиати сокинони биное дар Душанбе ба додситони кул
Як кушта ва ду захмӣ. Дар ноҳияи Ванҷ се мард зери тарма мондаанд
Гази моеъ қариб 1 сомонӣ гарон шуд. Сокинон мегӯянд, пайдо кардани ин навъи сӯзишворӣ душвор шудааст
“Беш аз 100 мансабдор бозпурсӣ ва 20 нафарашон ба додгоҳ даъват шуданд”. Мурофиаи Аҳмади Иброҳим оғоз шудааст
“Telegram Premium” ҳамчун “туҳфа”. Додситонии кул гуфт, ин кори дасти қаллобон аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аттор ва беморе, ки гил мехурд”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста