Бонки осиёии рушд (БОР) баҳри кумак ба ҳукумати Тоҷикистон дар сабуксозии оқибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷанг дар Украина ба маблағи 50 млн доллар грант тасдиқ намуд.

Барномаи БОР “Беҳбуди устуворӣ бо хароҷоти фаъоли зиддимарҳилавӣ” (BRACE) ба маблағгузории нақшаи зиддибуҳронии ҳукумат, ки ба тавсеъаи ёрии иҷтимоӣ ба қишри камбизоат ва осебпазири аҳолӣ, дастгирии истеҳсолоти дохилии маводи ғизойӣ, ҳифзи шуғли муҳоҷирони бозгашта дар соҳаи соҳибкории хурду миёна равона гардидааст, кумак хоҳад кард.

Мудири кулли БОР оид ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков гуфтааст, дастгирии Бонк ҷиҳати сабуксозии таъсири болоравии нархҳо ба маводи хӯрокворӣ ва нафт, коҳиши интиқоли пул, ки рушди иқтисодро суст карда, ба зиёдшавии бекорӣ боис мегарданд, мусоидат менамояд.

Гуфта мешавад, бо дастгирии БОР 250 ҳазор хонаводаҳои камбизоат ва осебпазир ҳар кадоме ба маблағи 600 сомонӣ (59 доллар) кумакпулии якдафъаина мегиранд.

Барои дастгирии тиҷорат ва таъмини шуғл муҳоҷирони ба ватан баргашта аз давраҳои бозомӯзии касбҳо мегузаранд.

“Ин барнома тавассути ду бонки давлатӣ ба корхонаҳои хурду миёна, ки дар соҳаи кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва тиҷорат машғуланд, қарзҳои имтиёзнок медиҳад. - гуфтааст Муҳаммадӣ Бобоев, сариқтисодчии Бонк. -  Ин як дастгирӣ ба корхонаҳои осебдида, аз ҷумла корхонаҳои ба занон тааллууқдошта мебошад, то ки фаъолияти онҳо барқарор шуда, ҷойҳои кориро нигоҳ доранд”.

Грант аз ҳисоби пули Фонди осиёии рушд маблағгузорӣ мешавад, ки ба кишварҳои бештар камбизоат ва осебпазири кишварҳои узви БОР грант ҷудо мекунад. БОР ҳамчунин барои дастгирии татбиқи барнома ва таҳкими низоми мониторинг ва баҳодиҳӣ ба маблағи 400 ҳазор доллар кумаки техникӣ ҷудо мекунад.

Аз замони узвияти Тоҷикистон ба Бонки осиёии рушд дар соли 1998, ин ниҳоди молиявӣ шарики бузургтарини бисёрҷонибаи кишвар дар соҳаи рушд гардида, ба маблағи зиёда аз 2,5 млрд доллар, аз ҷумла 1,8 млрд доллар ба сифати грант кумак кард.

Қобили зикр аст, ки Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуд. Саҳмдорони бонк 68 кишвар буда, 49-тои он дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.