Дар Шохис (индекс)-и навшудаи шиносномаҳои ҷаҳон дар соли 2022 мавқеи Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта якчанд зина беҳтар шуд. Ин маълумот дар сомонаи расмии таснифбанди кишварҳои Passport Index қобили дарёфт аст.

Агар дар соли 2021 шиносномаи Тоҷикистон дар зинаи 90-уми шохис қарор гирифта буд, пас имсол он то мақоми 72-юм боло рафта, ҳамроҳ бо Ветнам ва Камбоҷа қарор дорад.

Мавқеи кишвар дар радабандӣ тибқи шумори кишварҳое, ки шаҳрвандони кишвар ба онҳо бидуни пешакӣ анҷом додани расмиёти гирифтани раводид (бе раводид (виза) ё бо раводид замони расидан) сафар карда метавонанд, муайян карда мешавад.

Ба ин тариқ, шаҳрвандони Тоҷикистон ба 26 кишвар бе раводид, ба 43 давлат - бо раводид замони расидан ва 129 кишвар - бо гирифтани раводид сафар карда метавонанд.

Ӯзбекистон дар зинаи каме болотар - 69-ум қарор дорад. Барои шаҳрвандони ин кишвар реҷаи бидуни раводид дар 28 кишвар амал мекунад. Қирғизистон ҳам дар ҳамин мавқеъ қарор дошта, бо 27 кишвар реҷаи равуои бе раводид дорад.

Қазоқистон дар мавқеи 56-ум ҷой гирифта, бо 38 кишвар реҷаи равуои бе раводид дорад. Туркманистон дар мақоми 79-ум қарор гирифта, шаҳрвандонаш бе раводид ба ҳамагӣ 16 кишвар рафта метавонанд.

Русия зинаи 38-умро касб карда, лекин дар муқоиса бо соли гузашта акнун бо шиносномаи Русия бе раводид на аз 118 кишвар, балки танҳо аз 78 кишвар боздид кардан имкон дорад.

Зинаи аввалро дар рейтинг Амороти Муттаҳидаи Араб ишғол намудааст, ки шаҳрвандонаш бе раводид ба 121 кишвари дунё сафар карда метавонанд. Дар зинаи охири рейтинг Афғонистон ҷойгир шудаст. Шаҳрвандони ин кишвар бе раводид ҳамагӣ ба 5 кишвар сафар карда метавонанд, ҳарчанд соли гузашта шумори чунин кишварҳо 26-то буд.

Индекси шиносномаҳои Henley & Partners рейтинги байнулмилалии кишварҳо оид ба сатҳи озодии равуо мебошад, ки онҳо ба шаҳрвандони худ пешниҳод кардаанд. Дар он қоидаҳои марбут ба раводид дар зиёда аз 200 кишвар ва қаламравҳо ба риштаи таҳлил кашида шуда, давлатҳо мувофиқи имкони сафари бе раводид ба дигар давлатҳо раддабандӣ мешаванд.

Индекси шиносномаҳо аввалин дар таърих рейтинги байнулмилалиест, ки муносибатҳои байнулмилалӣ ва мақоми кишварҳоро дар арсаи ҷаҳонӣ таҷассум месозад. Аз соли 2018 Шохиси шиносномаҳо ҳар семоҳа нав мешавад, то ки дар бораи тағйирот дар реҷаи кишварҳои бе раводид маълумот пешниҳод гардад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.