Шоири тоҷик ва муҳаққиқи фарҳанги классикӣ Нуралӣ Нурзод бо ҷоизаи Ҷашнвора-озмуни 11-уми "Open Eurasian Book Forum & Literature Festival" қадрдонӣ шуд. Ӯ дар номинатсияи “Кори академикӣ” ба зинаи 3-юм сазовор дониста шуд.

Ҷашнвора (фестивал) аз ҷониби Гилдияи эҷодии авруосиёӣ (ECG, Лондон) созмон дода шуда, аз 10 то 16 декабр дар шаҳри Мелбурн (Австралия) баргузор шуд. Дар доираи он нависандагону шоирон ва дигар ходимони эҷодӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Нуралӣ Нурзод низ дар қатори онҳо қарор дошт. Ӯ ба ҷоизаи ба номи Салтанат Раҳимбекова дар номинатсияи “Кори академикӣ” барои маҷмӯи мақолаҳои “Аз Сада то Наврӯз” бо забони тоҷикӣ соҳиб шуд, хабар додаанд дар ECG.

Ба озмун аз 50 кишвар ҳамагӣ 500 дархост дода шуд, ки 3-тои онҳо аз Тоҷикистон пешниҳод гардида буданд.

Дар доираи ҷашнвораи дабаӣ инчнуин китобҳои нависандаи тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ "Соседушки" "Сказки бабушки Гульсифат" низ пешниҳод шуданд.

Ҷашнвораи "Open Eurasian Book Forum & Literature Festival" ягона чорабиниест дар ин соҳа, ки ба рушду таблиғоти адабиёт ва эҷодиёт дар тамоми Авруосиё муосидат мекунад.

Қабули дархостҳо ба озмуни 12-уми адабӣ 1 феврали соли 2023 оғоз мегардад.

Нуралӣ Нурзод алдабиётшинос, рӯзноманигор, доктори илмҳои филологӣ мебошад. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ ва ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ.

Нуралӣ Нурзод муаллифи 14 китоб, аз ҷумла 5 маҷмӯаи ашъор ва зиёда аз 500 мақолаҳои илмӣ ва ҷамъиятӣ-илмӣ мебошад, ки дар онҳо масоили назм ва насри муосири форсӣ бо шумули робитаи адабии кишварҳои форсизабон дар Эрон ва Афғонистон инъикос меёбанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.