Зиёда аз 50 нафар наҷотдиҳандагон ва табибони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар қаламрави аз заминларза осебдидаи Қаҳрамонмаръаши Туркия идома медиҳанд.
Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, шумори зиёди харобаҳо ва сохтору иншооти ноустувор ба кори наҷотдиҳандагон душвориҳо пеш меорад.
“Тайи шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагон аз зери харобаҳо ҷасади 16 нафарро берун гирифтанд, ки 8 нафарашон кӯдакон буданд. Аз оғози корҳо дастаи наҷотдиҳандагони тоҷик ҷасадҳои 196 нафарро дарёфт ва берун оварданд”, - зикр мекунанд дар Кумита.
Қобили зикр аст, ки то имрӯз наҷотдиҳандагони тоҷик се нафарро зинда аз зери вайронаҳо берун гирифтанд, ки ду нафарашон кӯдакон мебошанд.
Қаблан аз КҲФ-и ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки рӯзи бозгашти наҷотдиҳандагон ба Тоҷикистон ҳоло маълум нест. Онҳо кумакро ба мақомоти Туркия дар рафъи оқибатҳои заминларза идома медиҳанд.
То субҳи имрӯз, 17 феврал шумори ҳалокшудагон аз заминларза дар Туркия ба зиёда аз 38 ҳазор нафар расид.