Агар шумо дар бораи таҳсилоти ройгон дар Чин, ИМА, Олмон, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Нидерландия, Австралия ё Арабистони Саудӣ андеша мекунед, пас матлаби зерин барои шумо аст.

Барномаҳои омӯзишие, ки мо дар мақолаи худ ҷамъ овардаем, ба шумо имкон медиҳад, то таҳсили худро дар хориҷа оғоз кунед ё идома диҳед.

Идрорпулии Донишкадаи Конфутсий 2024

Дараҷаи таҳсил: барномаҳои тадқиқотӣ ва докторантура

Ҳукумати Чин Донишкадаи Конфутсий, як муассисаи таълимии ғайритиҷоратиро бо ҳадафи паҳн кардани забон ва фарҳанги чинӣ дар сатҳи байналмилалӣ таъсис додааст.

Манфиатҳои молиявӣ:

- Пардохти моҳонаи таҳсил барои курсҳои BTCSOL ё забон ва фарҳанги чинӣ 2,500 юан (350 доллари ИМА) аст.

- Донишҷӯёни дараҷаи MTCSOL ҳар моҳ 3000 юан (тақрибан 420 доллар) мегиранд.

Чанде пештар имкони зисти донишҷӯён берун аз шаҳраки донишҷӯён баррасӣ гардид ва ҳамакнун, ба онҳо иловатан 700 юан (бар замми кӯмакпулии моҳона) дода мешавад.

Мӯҳлатҳои пешниҳоди дархост: 1 ноябр

Бо пайванди зерин метавонед маълумоти бештар пайдо карда, дархост фиристед.

Идрорпулии Донишкадаи Ҳарвард Рэдклифф 2024-25 дар ИМА

Дараҷаи таҳсил: тадқиқоти баъдидокторантӣ

Идрорпулии мазкурро Донишкадаи Рэдклифф, ки дар маркази Донишгоҳи Ҳарвард ҷойгир аст пешниҳод мекунад.

Ин донишкада идрорпулиро барои саҳмгузорӣ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ ва дастрасии шунавандагони ғайриакадемӣ пешниҳод менамояд.

Акс аз planetofhotels.com

Манфиатҳои молиявӣ:

- Маблағи стипендия 78,000 доллар аст.

- Барои пардохти хароҷоти лоиҳа 5000 доллар грант дода мешавад.

- Маблағи зист пардохт мешавад.

- Фонди нигоҳубини кӯдак низ мавҷуд аст.

- Кӯмаки тиббӣ ҳам пешниҳод карда мешавад

Мӯҳлатҳои пешниҳоди дархост: 5 октябр.

Бо пайванди зерин метавонед маълумоти бештар пайдо карда, дархост фиристед.

Идрорпулии Бунёди Роза Люксембург дар Олмон 2024

Дарачаи таҳсил: PhD

Бунёди Роза Люксембург ба арзишҳои сиёсии ҳамбастагӣ ва адолати иҷтимоӣ алоқаманд аст.

Афзалиятҳо:

- Ба докторантҳо дар як моҳ 1350 евро грант дода мешавад.

- Кӯмакпулӣ барои нақлиёт дар ҳаҷми 1000 евро пешбинӣ шудааст.

- Кӯмакпулии тиббӣ.

- Номзадҳо имкон пайдо мекунанд, ки бо Олмон ва фарҳанги он шинос шаванд

- Ба номзадҳо имконият дода мешавад, ки оид ба масъалаҳои умумӣ дар саросари ҷаҳон тадқиқот гузаронанд.

Мӯҳлатҳои пешниҳоди дархост: 1 октябр

Бо пайванди зерин метавонед маълумоти бештар пайдо карда, дархост фиристед.

Идроропулии Донишгоҳи Тасмания 2023-24 дар Австралия

Дараҷаи таҳсил: Магистр ва PhD

Донишгоҳи Тасмания (UTAS) соли 1890 дар Австралия таъсис ёфтааст. UTAS чорумин донишгоҳи қадимтарини Австралия мебошад. Ин донишгоҳи беҳтарини тадқиқотӣ дар Австралия мебошад ва яке аз беҳтарин дар ҷаҳон дониста мешавад.

Акс аз planetofhotels.com

Афзалиятҳо:

- Ба номзад маблағ барои зист дода мешавад

- Пардохти пурраи таҳсил.

- Кӯмаки солонаи  28,597долари Австралия дар як сол.

-Номзад барои кӯчидан ёрдампулӣ мегирад.

Мӯҳлати ирсоли дархост: 15 сентябр

Бо пайванди зерин метавонед маълумоти бештар пайдо карда, дархост фиристед.

Идрорпулии Universitas Muhammadiyah Yogyakarta

Дараҷаи курс: бакалавр, магистр ва PhD

Идрорпулии пурра барои таҳсил дар яке аз беҳтарин донишгоҳҳои Индонезия. Дархостҳо аз донишҷӯёни ҳама гуна дараҷа: бакалавр, магистр, докторантура қабул карда мешаванд. Барои омӯзиш соҳаҳо ва ихтисосҳои гуногуни илмӣ мавҷуданд.

Донишҷӯёни хориҷӣ дар давоми соли аввал аз пардохти таҳсил озод карда мешаванд. Барои давраи боқимондаи таҳсил, стипендия ҷудо карда мешавад, ки маблағи он аз GPA вобаста аст. Маблағи зисти донишҷӯён пардохт мешавад.

Мӯҳлатҳои ирсоли дархост: 10 ноябр.

Маълумоти муфассалро метавонед дар ин пайванд пайдо кунед

Идрорпулии президентии Донишгоҳи Бостон 2023 дар ИМА

Дараҷаи таҳсил: тахассусӣ

Донишгоҳи Бостон як донишгоҳи бонуфузест, ки ба донишҷӯёни беш аз 140 кишвари ҷаҳон барои таҳсил дар хориҷа имконият пешниҳод мекунад. Донишгоҳ барномаҳои магистрӣ, бакалаврӣ ва докториро пешниҳод мекунад.

Акс аз wegstudents.com

Он инчунин тадқиқотчиёнро аз тамоми ҷаҳон таҳти роҳбарии олимони соҳибихтисос ва касбӣ дастгирӣ мекунад.

Манфиатҳои молиявӣ:

- Гирифтани стипендияи президентии Донишгоҳи Бостон имтиёзҳои зиёд медиҳад, аз ҷумла 25,000 доллар дар як соли таҳсил барои донишҷӯёни хориҷӣ.

Мӯҳлати пешниҳоди дархост: 1 декабр

Бо пайванди зерин метавонед маълумоти бештар пайдо карда, дархост фиристед.

Идрорпулӣ барои таҳсил дар ИМА

Дараҷаи таҳсил: вобаста ба ихтисос

Барномаи идрорпулии Radcliffe ҳар сол ба 50 нафар имкони таҳсил медиҳад.

Идрорпулии Донишкадаи Рэдклифф дар Донишгоҳи Ҳарвард як ҷомеаи байнисоҳавӣ ва инноватсиониро барои мутахассисон барои машғул шудан ба таҳқиқоти амиқ ва омӯхтани абзорҳо ва методологияҳои нав фароҳам меорад.

Идрорпулӣ имтиёзҳои молиявӣ, аз ҷумла 78,000 доллар мукофотпулӣ пешбинӣ мпекунад. Ҳамчунин, хароҷоти лоиҳа, зист, нигоҳубини кӯдак ва кӯмаки тиббиро пардохт менамояд.

Мӯҳлатҳои пешниҳоди дархост: 14 сентябр

Бо пайванди зерин метавонед маълумоти бештар пайдо карда, дархост фиристед.

Justus & Louise van Effen Excellence Scholarships

Дараҷаи таҳсил: магистратура

Идрорпулии пурра барои омӯзиши барномаҳои магистратура дар Нидерландия. Мизбон Донишгоҳи Технологияи Делфт, яке аз беҳтарин донишгоҳҳои техникии ҷаҳон мебошад.

Акс аз wegstudents.com

Шумо метавонед ба дилхоҳ шӯъбаи донишгоҳ муроҷиат кунед. Ин стипендия маблағи таҳсилро фаро мегирад ва ба донишҷӯён маблағи зистро пардохт мекунад. Муддати таҳсил ду сол аст.

Мӯҳлати пешниҳоди дархост: 1 декабр.

Бо пайванди зерин метавонед маълумоти бештар пайдо карда, дархост фиристед.

Тасилоти ройгони дар Донишгоҳи Симмонс, ИMA

Дараҷаи таҳсил: бакалавр

Барномаи стипендияи Гилберт ва Марсиа Котзен ба онҳое, ки нияти таҳсил дар Донишгохи Симмонсро доранд, кӯмак мекунад. Он барои 4 сол пешбинӣ шудааст.

Имкониятҳо барои донишҷӯ:

- талими ройгон

- хобгоҳи ройгон.

- кӯмакпулиҳои молиявӣ барои зиндагӣ ва хароҷоти иловагӣ.

Мӯҳлати пешниҳоди дархост: то 1 декабр

Бо пайванди зерин метавонед маълумоти бештар пайдо карда, дархост фиристед.

Стипендияҳои байналмилалии GIST 2023-24 дар Кореяи Ҷанубӣ

Дараҷаи таҳсил: Магистратура ва PhD

Донишкадаи илм ва технологияи Кванҷу (GIST) соли 1993 дар Кореяи Ҷанубӣ таъсис ёфтааст. GIST як донишгоҳи тадқиқотии Корея мебошад.

Тибқи рейтинги QS World Universities, он дар ҷаҳон мақоми 228-ум ва дар Кореяи Ҷанубӣ 4-умро ишғол мекунад.

Муддати таҳсил дар магистратура 2 сол ва докторантура 4 сол аст.

Афзалиятҳо:

- Маблағи умумии таҳсил: 3,415,000 вон (тахминан 2570 доллар) дар як семестр.

- Идрорпулии ҳармоҳа - дараҷаи магистр: 140,000 вон дар як моҳ ва дараҷаи докторӣ: 295,000 вон дар як моҳ.

- пардохти 60 дарсади ҳаққи суғуртаи тиббӣ.

- муоинаи тиббии солона

Мӯҳлати пешниҳоди дархост: то 15 октябр

Бо пайванди зерин метавонед маълумоти бештар пайдо карда, дархост фиристед.

Барномаи “Бихон дар Саудия”

Акс аз сомонаи SPA

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои тамоми донишҷӯён аз ҳар гӯшаю канори ҷаҳон, аз ҷумла барои шаҳрвандони Тоҷикистон барномаи “Бихон дар Саудия” таъсис додааст. ТИбуи ин барнома донишҷӯён метавонанд дар ин кишвар ройгон таҳсил намоянд.

Илова ба он, таҳсил дар Шоҳигарӣ аз чанд имтиёз бархӯрдор аст, аз ҷумла пешрафти илмӣ, ки теъдоди зиёди донишгоҳҳои саудӣ дар қатори 200 беҳтарин донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон қарор гирифтаанд. Ин донишгоҳҳо дорои марказҳои тадқиқотии пешрафта буда, Шоҳигарӣ ба донишҷӯёни хориҷӣ таваҷҷуҳи беандоза зоҳир менамояд ва ҳоло дар ин кишвари дорои фарҳанги гуногуни ғанӣ намояндагони беш аз 170 давлати ҷаҳон дониш меомӯзанд.

Бо пайванди зерин метавонед маълумоти бештар пайдо карда, дархост фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.