Президенти ҷумҳурӣ имрӯз зимни ироаи паём ба парлумон изҳор дошт, ки имсол 103 ҳазор хонанда мактабҳоро хатм намуда, 262 ҳазор кӯдакон по ба остонаи мактаб гузоштанд. Ҳамчунин ӯ зикр кард, ки соли равон 48 ҳазор муассисаи таълимӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Лекин сарфи назар ҳамасола дар кишвар сохта шудани муассисаҳои таълимии нав, ҳоло ҳам ба 73 ҳазор кӯдакон ҷой намерасад.
“Мо бояд дар бораи кӯдакони худамон, маълумот гирифтани онҳо фикр карда, барои таълими хушсифат гирифтани онҳо шароит фароҳам орем”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат илова намуд, ки “мо бояд дар бораи онҳо фикр кунем, зеро вақте ки миллат бесавод мемонад, ин бадбахтӣ меорад”.
Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон волидон бисёр шикоят мекунанд, ки фарзандонашон дар синфҳо бо шумори беҳад зиёди хонадагон таҳсил мекунанд. Коршиносон мегӯянд, ин ба сифати таҳсил таъсири манфӣ мерасонад.
Дар пойтахти Тоҷикистон солҳои ахир камбуди шадиди ҷойҳои нишаст баро хонандагон дар мактабҳои давлатӣ эҳсос мешавад. Дар як синф то 40-50 нафар таҳсил карда, сари як миз сенафарӣ мешинанд. Дар баъзе мактабҳо таҳсил дар се баст ба роҳ монда шудааст.