Маркази миллии кинематография (CNC), Фестивали синамои Канн, Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷӣ ва Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи номзадҳо барои иштирок дар Семинари муштараки филмҳои Осиёи Марказӣ дар моҳи майи соли 2024 мебошад:

Оё шумо филми бадеӣ ё аниматсионӣ дар ҳоли таҳия доред?

Оё шумо шарикони молиявӣ дар Фаронса ва Аврупо меҷӯед?

Шумо аз Осиёи Марказӣ (Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон) ҳастед?

Мо шуморо ба семинари муштараки филмҳои Осиёи Марказӣ дар ҷараёни ҷашнвораи филми Канн дар моҳи майи соли 2024 барои иштирок даъват менамоем.

Шумо лоиҳаи худро ба истеҳсолкунандагони фаронсавӣ ва байналмилалӣ пешниҳод менамоед ва барои Шумо аз ҷониби CNC вохӯриҳои инфиродӣ ташкил карда мешаванд.

Барои иштирок дар ин семинар донистани забони англисӣ ҳатмист.

Хароҷоти зерин аз тарафи ташкилкунандагон фаро гирифта мешаванд: чиптаи ҳавопаймо, раводид, меҳмонхонаи серӯза ва аккредитатсия.

Мехоҳед лоиҳаи худро дар ҷашнвораи филмҳои Канн ҳимоя кунед? Ба линки зер муроҷиат кунед!

https://docs.google.com/forms/d/e/1FAIpQLSfpA9nVO8mHnqRG7v-67O90ibaX__zkfn6-j458bcIgpCVmLw/viewform 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.