Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Баҳодур Шерализода сабаби буридани баъзе дарахтонро дар Душанбе шарҳ дод.
Раиси Кумита зикр кард, ки корҳои ободонӣ ва сабзгардонӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ин ниҳод мебошад. Ба гуфтаи вай, соли 2023 дар ҷумҳурӣ 1 млн 700 ҳазор ниҳоли дарахтони нав шинонида шудааст.
“Дар Тоҷикистон буридани дарахтон пурра манъ аст, ба истиснои баъзе ҳолатҳо, аз ҷумла дар сурати зарурати санитарӣ ё дар ҳолате, ки дарахт хушк шуда бошад.
Дар ин гуна мавридҳо санади дахлдор тартиб дода шуда, танҳо баъди ин иҷоза дода мешавад”, - иброз дошт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, муовини раиси Кумита Абдуқодири Мавлодод дар ин робита изҳор намуд, ки дар муқоиса бо дигар давлатҳо дар Тоҷикистон муносибат бо мушкили буридани дарахтон қатъитар аст.
Ба гуфтаи ӯ, агар як дарахт бурида шавад, ширкат ё бинокорон уҳдадор мешаванд, ки “ин зиёнро ба табиат ҳафт баробар зиёдтар ҷуброн кунанд”.
“Дар мавзеи гирду атрофи иншоот бинокорон ҳатман минтақаи сабз бунёд мекунанд”, - гуфт Абдуқодири Мавлодод.
Дар ҳамин ҳол ӯ таъкид дошт, ки муносибати аҳолӣ ба “буридани дарахтон дар шаҳр каме нодуруст аст”.
“Сокинони шаҳр бояд донанд, ки шаҳр мамнуъгоҳ”нест ва дар баъзе ҳолатҳо буридани дарахтон тадбири зарурӣ мебошад, масалан барои риояи меъёрҳои меъморӣ”, - зикр кард ӯ.
Дар ҳамин ҳол, ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” дар бораи чораҳои мубориза бо гармӣ дар шаҳрҳо бар асари сохтмони биноҳои баландошёна, раиси Кумита Шерализода таъкид намуд, ки “дар иншооти нави сохтмон ҳатман корҳои сабзгардонӣ гузаронида шуда, дар боми биноҳои баландошёна барои пешгирии беҳад гармшавии бино бунёди минтақаҳои сабз пешбинӣ шудаанд”.
“Ин тадбирҳо барои сабуксозии таъсири гармии тоқатфарсо равона шудаанд”, - чунин мешуморад раиси Кумита.