Даҳҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро аз асорати барф дар вилояти Актюбински Қазоқистон наҷот доданд.
Тавре ки нашрияи Orda.kz иттилоъ медиҳад, миёни онҳо 4 нафар кӯдакон ҳам ҳузур доштаанд.
Автобусе, ки аз Чимкент ба Русия мерафт, шаби 7 феврал дар роҳи Самара - Чимкент вайрон шуда, 68 нафар мусофирон аз ҷумла 4 нафар кӯдакон, ки ҳамаашон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, дар асорати барф қарор мегиранд.
Нашрия менависад, ки одамонро ба кемпинг (таваққуфгоҳи сари роҳ) дар шаҳраки Акҷар бурдаанд.
“Байни одамон шахсони ба кумаки тиббӣ эҳтиёҷдошта набуданд”, - гуфтаанд дар мақомоти пулис, ки кормандони он ҳам дар наҷоти хориҷиён иштирок кардаанд.
Ғайр аз ин, рӯзи 7 феврал имдодгарон ба 56 шаҳрванди Ӯзбекистон - мусофирони автобуси “Тошканд - Маскав” барои аз кемпинги сари роҳ ба нуқтаи гармидиҳӣ рафтан ёрӣ расонидаанд. Ин автобус низ дар қитъаи пӯшидаи роҳи Самара -Чимкент нуқс пайдо кардааст.
Хотиррасон мешавад, ки дар вилояти Актюбински Қазоқистон се рӯз инҷониб тӯфони барфӣ идома дошта, бар асари он роҳҳои таъиноти ҷумҳуриявӣ дар минтақа баста шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи январи соли равон низ дар роҳи мошингарди Остона - Петропавловск автобуси мусофирбар бо 65 нафар мусофирон, аз ҷумла кӯдаки 10-сола ва 14 нафар занон - ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон дар роҳ монд.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон якҷо бо ронандагон нуқсонро дар ҷойи ҳодиса бартараф намуда, автобусро то наздиктарин нуқтаи гармидиҳии шаҳри Оқкӯл гусел карданд.