Арзиши хидматрасониҳои Ҳаҷ дар соли 2024-ум 57 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, он ғайринақдӣ тавассути “Ориёнбонк” пардохт карда мешавад. Замони Ҳаҷ-2024 нимаи дуюми моҳи май буда, то нимаҳои моҳи июн давом мекунад. Дар ин бора Кумитати дин, танзими анъана ва ҷашну маросим хабар медиҳад.
Арзиши хидматрасонии ҳаҷ нисбат ба соли гузашта 2 ҳазор сомонӣ арзонтар аст. Соли гузашта 59 ҳазор сомонӣ буд, ки он нисбат ба арзиши ҳаҷҷи соли 2022-юм 1 ҳазору 520 сомонӣ арзонтар мебошад.
Манбаъ менависад, ки ин маблағ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон таъин шуд ва ба он харидории билети ҳавопаймо (рафту баргашт), иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Макка ва Мадина, таъмини се вақт хӯрок дар давоми сафар дохил мешавад.
Ҳамчунин, ин маблағ барои “хидматрасонии роҳбаладон, таъмини шароити иқдомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, пардохти маблағи қурбонӣ, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда-Макка-Мино-Арафот-Муздалифа-Мино-Макка-Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина ва таъмини онҳо бо маводи доруворӣ, суғурта, падохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб дар бораи маносики ҳаҷ ва таҳияи бейҷикҳо истифода мешавад”.
Кумитаи дин гуфтааст, ин маблағ тариқи ғайринақдӣ тавассути ҶСК “Ориёнбонк” пардохт карда мешавад.
“Сафарбарнамоии довталабон ба ҳаҷ дар нимаи дуюми моҳи май дар назар дошта шудааст”, - гуфтааст ин ниҳод.
Манбаъ, огоҳ кардааст, ки ҳаҷ танҳо тавассути ниҳодҳои давлатии ваколатдори кишварҳо амалӣ карда мешавад ва ҳеч шахс ва ҳеч ширкати сайёҳие салоҳият ва имконияти сафарбарнамоӣ ва таъмини шароити будубоши ҳаҷравандагонро надорад.
“Имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки ширкатҳои сайёҳӣ ва афроди алоҳидае аз кишварҳои дигар бо таблиғоти густурда тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро барои адои маросими ҳаҷ дар соли равон даъват намуда истодаанд. Таблиғоти чунин афрод танҳо бо ҳадафи тақаллуб ва фиреби сокинон ба роҳ монда шудааст”,- гуфтааст Кумитаи дин.
Ёдовар мешавем, ки тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима ба андозаи 50 ҳазор риёл (ҳудуди 13300 доллари амрикоӣ), ҳабс ба муддати шаш моҳ, инчунин ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муддати 10 сол таҳдид мекунад.
Дар робита ба ин, Кумитаи дин аз ҳамватанон хоҳиш кардааст, ки “ба таблиғоти бардурӯғи афроди манфиатхоҳ дода нашаванд, то ба доми фиреби онҳо наафтанд”.
Қаблан, Кумитаи дин хабар дода буд, ки Арабистони Саудӣ барои мавсими Ҳаҷи имсола ба шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард.
Ёдовар мешавем, ки дар 20 соли охир аз саросари ҷаҳон қариб 40 миллион мусулмон барои адо кардани рукни панҷуми дини Ислом ба ҳаҷ сафар кардаанд. Соли 2023 теъдоди рекордии зоирон озими Арабистони Саудӣ шуда буданд. Ин ва дигар маълумотҳои рабтдошта ба ҳаҷҷи фарзиро дар инфографикаи “Азия-Плюс” бубинед.