Арабистони Саудӣ барои сафари ҳаҷ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2024, мисли соли қаблӣ, 7 ҳазор квота ҷудо кардааст. Дар ин бора саҳифаи фейсбуки маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”, нашрияи марбут ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, иттилоъ медиҳад.
Ба навиштаи ин маҷалла, имрӯз, 8-уми январ, Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Ҷидда бо Тавфиқ ал Рабиа, вазири ҳаҷ ва умраи ин кишвар мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳаҷ ва умра мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳамзамон миёни ду ҷониб Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ташкили ҳаҷҷи мавсими соли 2024-ум ба имзо расид.
“Зимнан, кишвари мизбони ҳаҷ имсол тибқи тартиб ҳиссаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳудуди 7000 адад муайян намудааст”, - менависад ин нашрия.
Аммо то ҳол харҷи сафари Ҳаҷ барои соли ҷорӣ дақиқ муайян нашудааст.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/332698/%D2%B3%D0%B0%D2%B7%202024.jpg)
Соли гузашта низ Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота барои зиёрати ҳаҷ ҷудо карда буд. Арзиши хидматрасониҳо дар мавсими “Ҳаҷ-2023” 59 ҳазор сомонӣ муайян шуд, ки ин нарх нисбат ба мавсими ҳаҷҷи соли 2022 1 ҳазору 520 сомонӣ арзонтар мебошад.
Бояд гуфт, ки соли 2023 Арабистони Саудӣ маҳдудиятҳоро оид ба маросими ҳаҷ бекор карда, мутаносибан шумори квотаҳо барои зойирини кишварҳои гуногун боз ба сатҳи то пандемия бозгардонида шуд.
Раиси “Барқи тоҷик” тасдиқ кард, ки баланд бардоштани нархи барқро пешниҳод намудааст
Имсол дар Душанбе сохтмони ду эстакада оғоз мешавад
Дар Душанбе панҷараи тирезаҳоро мекананд. Сармеъмори пойтахт шарҳ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Султон Маҳмуд ва ғуломи ҳиндӣ”
Вазорати саноати Тоҷикистон сабабҳои коҳиши истеҳсоли нуриҳои минералиро шарҳ дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 феврали соли 2025
Падари демократ, бародари ғамхор, дӯсти сахӣ ва ҳомии рӯзноманигорон. Панҷ симои Акбари Саттор, ки имрӯз 60-сола шуд
Масъалаи сохтмони таваққуфгоҳҳо дар пойтахт ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад
Ҷарима, сохтмони худсарона, заминҳои бесоҳиб ва мушкилоти пахтакорӣ. Натиҷаҳои сол дар Кумитаи замин
Коҳиши никоҳу талоқ, афзоиши хушунат ва издивоҷи бармаҳал. Дар нишасти Кумитаи кор бо занон чӣ гуфтанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста