Аз ин ба баъд хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон дар давраи таътили зимистона ва тирамоҳӣ 7 рӯз истироҳат карда, таътили баҳорӣ ҳамагӣ 5 рӯз давом мекунад.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, таътилҳои тирамоҳӣ, зимистона ва баҳорӣ аз ҳисоби зиёд шудани таътили тобистона кам карда мешаванд.

Тавре ки дар Вазорат шарҳ доданд, қаблан мактабхонҳои Тоҷикистон ҳангоми таътилҳои тирамоҳӣ, зимистона ва баҳорӣ 10 рӯз истироҳат мекарданд: аз 1 то 10 ноябр, аз 1 то 10 январ ва аз 21 то 31 март.

Акнун бо кам шудани рӯзҳои истироҳат таътили тирамоҳӣ аз 1 то 7 ноябр, зимистона - аз 1 то 7 январ ва баҳорӣ - аз 21 то 26 март давом мекунанд.

“Бо назардошти тағйирот, ҳафтаҳои дарсӣ аз 36 то 35 ҳафта кам шуда, дар ҳамин ҳол, чоряки чорум на 14 июн ба мисли пешин, балки 31 май ба охир мерасад ва мутаносибан таътили тобистона аз 1 июн оғоз гардида, то 31 август давом мекунад”, - гуфтанд дар Вазорат.

Дар робита ба хонандагони синфи якум бошад, оно 34 ҳафта дарс хонда, машғулият барои онҳо рӯзи 25 май ба охир мерасад.

“Сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ, дарсҳо дар синфҳои 1-уми мактабҳои таҳсилоти миёна 25 май ва дар синфҳои 2-11-ум - 1 июн ба охир мерасанд”, - зикр карданд дар ин ниҳод.

Зимнан зикр гардид, ки имтиҳонҳо дар мактабҳо дар давраи аз 3 то 19 июн гузаронида мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.