Коршиносони Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ бори дигар дар Душанбе гирдиҳам омаданд, то ки натиҷаҳои марҳилаи аввали имкони сохтмони метро дар пойтахти Тоҷикистонро баррасӣ кунанд.
Намояндагони ширкати миллии роҳи оҳани Корея зикр карданд, ки Душанбе бо аҳолии беш аз 1,2 млн нафар ба бунёди чунин роҳҳои бехатар, қулай ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ниёз дорад.
Вохӯрии мутахассисон ҳафтаи гузашта зери роҳбарии вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор шуд. Дар он муовини раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода, мутахассисони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон, мушовири калони Бонки содироту воридоти Куриё Квон Бен Юн, муовини Сардори корпоратсияи «Роҳи оҳани миллии Куриё» Лим Чон Ил, роҳбари лоиҳа Юн Чи Ман, профессори Донишгоҳи Вусони Куриё (Woosong University), намояндагони ширкати сохтмонии «Dahan Consultance»-и Корея иштирок карданд.
Тавре ки Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҷониби Корея мисли пешин пешниҳод намуд, ки метро бо истифода аз системаи метрои баландсуръат (Light Rail Transit) сохта шавад.
Дар ҳамин ҳол, дар бораи маҳз чӣ гуна метро - зеризаминӣ ё болои замин сохтан ҳоло тасмим гирифт нашудааст,
“Ҳамзамон ҷонибҳо ба идомаи марҳилаи навбатии лоиҳаи сохтмони метро дар шаҳри Душанбе изҳори алоқамандӣ карданд”, - омадааст дар хабар.
Доир ба чӣ гуна корҳо баргузор шудан дар марҳилаи минбаъдаи лоиҳаи сохтмони метро маълумот дода намешавад.
Ёдрас мешавад, ки 14 марти соли 2022 байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва корпоратсияи «Роҳи оҳани миллии Корея» (Korean National Railway е Korea Railroad Corporation) дар ҳолати онлайн Ёддошти тафоҳум оид ба омӯзиши имкониятҳои сохтмони роҳи метро дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.
Дар асоси ин санад мутахассисони ду кишвар ҷанбаҳои ташкилию ҳуқуқии сохтмони метро дар шаҳри Душанберо таҳлил ва таҳқиқ намуданд.
Баъдан 22 августи соли 2023 Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Бонки содиротию воридотии Кореяи Ҷанубӣ («Эксимбонк») ҷиҳати маблағгузории омӯзиши пешакӣ ва асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метрополитен дар Душанбе Ёддошти тафоҳум ба тасвиб расониданд. Намояндагони бонк розӣ шуданд, ки инчунин таҳияи муфассали лоиҳаро низ маблағгузорӣ кунанд.
Гуфта мешавад, Бонки Кореяи Ҷанубӣ барои гузаронидани корҳои пешакӣ 200 ҳазор доллар мекунад.
Зикр мегардад, ки қаблан барои муҳокимаи саривақтии масъалаҳои сохтмони метро ҷонибҳо аз ҳисоби намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, шаҳрдории Душанбе ва корпоратсияи «Роҳи оҳани миллии Корея» Гурӯҳи кории доимоамалкунанда таъсис дода шуда, аллакай 17 вохӯрӣ баргузор гардид.