Имрӯз, 16-уми август ҷасади Заур Дахте, аксбардор ва наворбардори шинохтаи эронтабори тоҷик, ки дарӯз, дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расида буд, дар оромгоҳи "Сариосиё"-и Душанбе дар паҳлӯи мадфани падараш дафн карданд. 

Яке аз наздикони ин хонавода ба “Азия-Плюс” гуфт, маҳз бо васияти худи марҳум ӯро дар канори падарш гӯрониданд.

Заур Дахте 88 сол дошт, агар умр вафо мекард, пас аз ду рӯз 89 сола мешуд. Ӯ дирӯз, 15-уми август дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид. Мошини онҳо дар километрии 33-ум роҳи Душанбе Чаноқ, дар ҳудуди Варзоб, ба мошини боркаш бархӯрдааст. Дар натиҷа Заур Дахте аз сар осеб бардошта ба ҳалокат расидааст. Заур Дахте мошинро меронд ва ҳамроҳи пайвандони хеш ба яке аз истироҳатгоҳҳо мерафтаанд. Мусофирони дигар зинда мондаанд.

Маросими видоъ бо Заур Дахтеро дар гузориши "Азия-Плюс" бинед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.