Ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Хоруғ аз сабаби номусоидии ҳаво ду рӯз аст наметавонад, ки аввалин парвози худро, ки баъди чанд сол барқарор шуд, анҷом диҳад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” намояндагони ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон - “Тоҷик Эйр” хабар доданд.
Дар ширкат зикр карданд, км парвози аввалин пас аз танаффуси ҳафтсола бояд рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта, 30-юми сентябр анҷом дода мешуд, лекин бинобар сабаби обуҳавои номусоид ба вақти дигар гузаронида шуд.
“Павроз тариқи ин хатсайр ба имрӯз, 1-уми октябр мавқуф гузошта шуд, лекин боз лозим омад, ки онро ба рӯзи дигар гузаронем. Бо хуб шудани вазъи ҳаво ҳавопаймо ҳатман павроз мекунад”, - гуфт манбаъ.
Қаблан ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” хабар дода буд, ки парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри Душанбе-Хоруғ–Душанбе дигарбора барқарор шуд. Ҳавопаймо дар як ҳафта се маротиба рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе парвоз мекунад. Парвоз аз Душанбе соати 8:00 сурат мегирад ва 1 соату 10 дақиқа давом мекунад. Пас аз расидани ҳавопаймо ба Хоруғ соати 10:00 дигарбора ба Душанбе бармегардад.
Нархи билет 900 сомонӣ муқаррар шудааст. Билетҳоро метавон аз нуқтаҳои фурӯши чиптаҳои "Тоҷик Эйр", ки дар бинои ин ширкат (кӯчаи Мирзо Мастонгулов 32/1) ҷойгир аст, дастрас кард.
Парвоз тавассути ҳавопаймои АН-28, ки имкони ғунҷоиши 17 нафар ва бор бо вазни умумии 1750 кг-ро дорад, сурат мегирад.
Ёдрас мекунем, ки алоқаи мунтазами ҳавоӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ баъди корношоям гардидани охирин ҳавопаймои АН-28 аз моҳи октябри соли 2017 қатъ гардида буд. Пойтахтро бо ВМКБ шоҳроҳе мепайвандад, ки дар қисми зиёди он дар ҳолати бад қарор дорад. Сокинон аз Хоруғ то Душанбе ва баръакс бо мошин дар 14-16 соат мерасанд.
Дар Шохиси ҷаҳонии дониш Тоҷикистон дар байни кишварҳои минтақа дар зинаи охир аст
Кадом шаҳру навоҳӣ дар рӯзи аввали маъракаи даъвати ҳарбӣ нақшаро иҷро карданд?
Дар Бохтар як зан барои иштирок дар ҷангҳои Сурия 20 сол равонаи зиндон шуд
“Буғӣ карда куштааст”. Боздошти як мард бо гумони куштори духтари дусолаи худ
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Рустоии лофзан"
Моҳи октябр: аз нимаи дуюми моҳ ҳарорат поин меравад
Ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Ганҷавии Душанбе то тобистони соли 2025 қатъ мешавад
Дар ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи Нақшаи амал то соли 2026 баррасӣ шуд
БОР: Интиқоли пул ба Тоҷикистон дар семоҳаи дуюм кам шуд
Даъват ба хидмати ҳарбӣ оғоз шуд. Ба муҳимтарин саволҳо оид ба даъвати ҳарбӣ посух дарёфтем
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста