Додгоҳи шаҳри Бохтар як зани 37-солаи ин шаҳрро барои иштирок дар муноқишаҳои мусаллаҳона дар кишварҳои Сурия ва Ироқ бо гумони зархаридӣ (моддаи 401 КҶ) 20 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.
Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони додситонии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки ин зан Камила Урунбоева буда, соли 2015 бо Абдурасул Умаралӣ Уғлу, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо тахалуси “Сайфулло” ошно аст, никоҳи мусалмонӣ карда, бо даъвати ӯ ба Сурия рафтааст.
“Соли 2016 бо даъвати Абдурасул Умаралӣ Уғлу ба Туркия сафар карда, пасон ғайриқонунӣ сарҳади давлатиро гузашта, ба Сурия рафтааст. Дар инҷо ба гуруҳи террористию экстремистии “Ҷабҳат-ан-Нусрат” мепайвандат ва дар задухурдҳои мусалаҳона ширкат мекунад”, - гуфт ёрдамчии додситонии вилоят.
Додситонии шаҳри Бохтар моҳи апрел нисбати Камила Урунбоева барои зархаридӣ (модаи 401 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ боз карда, бо қарори додгоҳ аз 19-уми июли соли 2024-ум ӯ 20 сол аз озодӣ маҳрум шудааст
Варқа Зайниддин нагуфт, ки ин зан кай ва дар кадом шароит боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шуд.
Назари худи Урунбоева, вакили дифоъ ва наздикони ӯ дастрас нест.