Имрӯз, 13-уми ноябр, Рӯзи байналмилалии нобиноён аст. Соли 1984 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо мақсади таваҷҷуҳи ҷомеа нисбат ба ашхоси нобино ва қувваи босираашон суст эълон намуд.
“Азия-Плюс” ба муносибати ин рӯз бо вазъияти нобиноён ва шароити онҳо шинос гардид. Маълум шуд, ки нобиноён ду мушкилии асосӣ доранд: нафақаи кам ва набудани ҷойи кор.
“Ман худро маъюб эҳсос намекунам”
Кимиёхон Тураева, сокини 42-солаи шаҳри Хуҷанд, солҳост нобино аст. Ӯ муддати 8 сол аст дар сехи дӯзандагии Маркази тавонбахшии иттиҳодияи миллии нобиноён дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мекунад. Ба нақли қаҳрамони мо чашмони ӯ қаблан бино буд, ки дар натиҷаи як садама биноияшро аз даст додааст.
“Ман худро маъюб эҳсос намекунам ва бо меҳнати ҳалол духтарамро ба воя расонида истодаам. Мехоҳам бо ин кор барои духтарам намуна бошам”,-мегӯяд Кимиёхон.
Ӯ мегӯяд, ки бо тариқи ламс кардани матоъҳо курта медӯзад ва бофандагӣ мекунад.
“Маоши мо вобаста ба ҳаҷми кор муайян мешавад. Чӣ қадар, ки истеҳсол зиёд ва маҳсулот бозоргир бошад, ҳамон андоза маоши зиёдтар мегирем”,- мегӯяд вай.
Аммо дар умум, ӯ маошеро, ки мегирад, барои зиндагӣ кофӣ намеҳисобад ва мегӯяд, бояд имконият фароҳам оварда шавад, то маоши зиёдтар гирад.
“Нафақа кам аст, маош боз ҳам камтар”
Маркази тавонбахшии иттиҳодияи миллии нобиноён дар шаҳри Хуҷанд ҷамъиятест, ки нобиноёни шаҳрро муттаҳид карда, барои теъдоде аз онҳо ҷойи кор фароҳам кардааст. Ин марказ айни ҳол 496 узв дорад, аммо на ҳамаи онҳо имкони фаъолият дар коргоҳи ин марказро доранд.
Абдусаттор Ҷалилов, муовини раиси Маркази тавонбахшии иттиҳодияи миллии нобиноён дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, дар замони шӯравӣ 60-70 дарсади молҳои истеҳсолкардаи кормандони ҷамъияти нобиноёни шаҳри Хуҷанд ба Русия содир мешуд. Лекин ҳоло дастрасӣ ба техникаҳои лозимаву ашёи хом яке аз мушкили асосии марказ аст. Бо ин сабаб ҳамагӣ 30 нафар аъзояшро бо кор таъмин карда тавонистааст. Аз ин лиҳоз, ин марказ ба дастгирии молиявӣ ва техникӣ ниёз дорад, то тавонад аъзои бештарро бо кор таъмин кунад ва маоиши хуб пардохт намояд.
Ба қавли Ҷалилов, аъзои ҷамъияти мазкур дар як ҳафта се рӯз ба кор мебароянд ва дар як моҳ ҳамагӣ 200 сомонӣ маош мегиранд.
Ба қавли аксари нобиноёни марказ, нафақаи онҳо, ки аз рӯйи гурӯҳи маъюбият, яъне барои гуруҳи якум аз ҷиҳати биноӣ – 780 ва гурӯҳи дуюм - 378 сомонӣ муайян гардидааст, барои гузаронидани рӯзгор нокифоя будааст.
Камии нафақа ва маош ягона мушкили нобиноёни шаҳри Хуҷанд нест. Баъди аз назди “Автовокзал”-и шаҳр ба маҳаллаи 27-ум кӯчонидани бинои Маркази тавонбахшии иттиҳодияи миллии нобиноён, аъзои он аз дурии роҳ ва камбуди нақлиёти ҷамъитӣ низ азият мешаванд.
Дастгирии нобиноён
Нигора Ахмедова, раиси Маркази тавонбахшии иттиҳодияи миллии нобиноён дар шаҳри Хуҷанд дар сӯҳбат бо “Азия-плюс” гуфт, аз шароити нобиноён огоҳанд ва барои дастгирии онҳо талош мекунанд.
“Маҳз бо ин мақсад, моҳи гузашта дар марказ нуқтаи дандонпизишкӣ ифтитоҳ гардид. Нуқтаи мазкур ба муносибати 75-солагии марказ кушода шуд, ки дар инҷо ташхису табобати нобиноёни марказ ройгон буда, танҳо гузоштани дандон пулакӣ аст”,-гуфт Нигора Ахмедова.
Тибқи омори расмӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 15 ҳазор нафар шахсони нобино ва қувваи босираашон суст зиндагӣ мекунанд.
Дар матлаби “Зиндагӣ бо “чашми дил”. Рӯзгори зану шавҳари нобино, ки беш аз 30 сол якҷо зиндагӣ доранд” бо зиндагии ду ҷуфти нобино ошно гардед .