IMPACT Forum аз "Азия-Плюс", ки рӯзи 20-уми сентябр дар Душанбе баргузор шуд, зиёда аз 400 меҳмону маърӯзачиро дар як майдон гирдиҳам овард.

Умед Бобохонов, мудири кулли гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар оғози форум гуфт, ин нахустин форуми расонаҳост, ки мо ба сифати майдони кушод барои баррасии масоили таҳкими ҳамкориҳо дар се соҳа - расона, тиҷорат ва технологияҳои нав роҳандозӣ кардем. Ба наздикӣ “Азия-Плюс” 30-солагии худро ҷашн мегирад. Давоми ин се даҳсола мо бо таҳдиду чолишҳои гуногун - сиёсиву иқтисодӣ ва технологӣ рӯбарӯ шудем. Мо онҳоро муваффақона паси сар намуда, дар бозори миллии расонаҳо пешсаф боқӣ мондем.

Акс аз Asia-Plus

"Лекин имрӯз ҳамаи мо бо хавфҳои нав рӯбарӯем. Ва мо мутмаинем, ки онҳоро танҳо дар ҳамдастӣ ба хотири рушди саноати худ, кишвар ва минтақа ҳал карда метавонем”, - изҳор дошт Умед Бобохонов.

Ин вазифа на танҳо барои бахши хусусӣ, балки давлат низ муҳим аст. Тасодуфӣ нест, ки Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ шарики расмии форум мебошад.

Акс аз Asia-Plus

Impact Expo

Пеш аз маросими расмии ифтитоҳи форум иштирокчиён тавонистанд аз Impact Expo - намоишгоҳи чорабинӣ боздид кунанд. Ин ҷо ташкилоту тамғаҳо (брендҳо)-и гуногуне, ки аз лоиҳа дастгирӣ намуданд, муаррифӣ шуданд. Миёни онҳо метавон аз шарики кулли форум - Humo Бонк, шарики расмӣ - автохолдинги байнулмилалии Vector, шарики рақамӣ (диҷитал) - оператори пешқадмаи кишвар - ширкати Tcell, ширкати Somon.tj ва боз дигар тамғаҳову лоиҳаҳо ном бурд.

1/5

Ғайр аз ин, дар Impact Expo гӯшаи рассомӣ аз ҷониби эҷодкорони маҳаллӣ ва минтақаҳои фаъоли муколама (интерактивӣ) амал мекарданд, ки ба иштирокчиён ҷиҳати соҳиб шудан ба ҷоизаҳои рамзӣ имкон медоданд. Ин ба меҳмонон имкон дод, ки аллакай то оғози барномаи расмӣ бо лоиҳаҳои нав шинос шуда, робитаҳо роҳандозӣ кунанд ва фазои форумро эҳсос намоянд.       

Расона ва тиҷорат: дар робита ба ҳам онҳо чӣ гуна метавонанд дар бозори Осиёи Марказӣ кор кунанд

Меҳмони даъватшуда Виктор Елисеев, соҳибкор аз Қазоқистон, продюсер ва муассиси Select Group ба кори форум ҳусни оғоз бахшид. Маърӯзаи ӯ ба мавзӯи “Расона чун сармоя”  ва масъалаи чаро маъниро интихоб кардани тамғаҳо бахшида шуд. Дар доираи муколамаҳои мавзӯӣ ӯ масъалаи маънии сармояи тамға, чӣ гуна тағйир ёфтани он аз соли 322 пеш аз мелод то замони мо ва чаро имрӯз ба сармоя табдил ёфтани маҳз номи некро муфассал шарҳу тавзеҳ дод.

Виктор Елисеев
Акс аз Asia-Plus

Ин андеша самти умумии чорабиниро муайян кард: таваҷҷӯҳ ба он равона гардид, ки муштариён мехоҳанд на аз ширкатҳои бемасъулият (бе шахсияти муайян), балки аз одамони зинда харидорӣ кунанд ва эътимод дар замони мо ба дороии асосии ҳар як тамға табдил ёфтааст.

Сипас меҳмононро муколама дар мавзӯи “Дар Осиёи Марказӣ санҷида шуд” интизор буд.  Маърӯзачиён якбора аз се кишвари минтақа - Қазоқистону Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар ин хусус изҳори назар карданд.

Ба муколамаи мавзӯӣ бо намуна ё худ мисол (кейс)-и “День Ж: как 2Be Agency «поженили» медиа и бизнес” (Рӯзи Ж: чӣ гуна 2Be Agency расона ва тиҷоратро “издивоҷ” кард) Татяна Бендз ҳусни оғоз бахшид. Ба сифати ҳаммолики агентии иртиботӣ (коммуникатсионӣ)-и 2Be Agency дар Қазоқистон ӯ дар бораи таърихи бунёди майдони махсус барои роҳандозии муколамаву робита (нетворкинг)-и рӯзноманигорон ва соҳибкорон, ки аз он натиҷаи хеле хуб ҳосил шуд, изҳори назар кард.

Татяна Бендз
Акс аз Asia-Plus

Ин таҷриба намунаи барҷастаи муносибатҳо байни тиҷорат ва расонаҳо буда, амалан тарҳи тайёрест барои ҳамгироии он ба лоиҳаҳои маҳаллӣ.

Сипас Фаррух Шариф, мудири эҷодкор (креативӣ)-и агентии мустақили рекламавии  Synthesis аз Ӯзбекистон дар мавзӯи “Тамғаҳо барои ҷомеа. Роҳҳои ҳалли эҷодкорона барои одамон ва тиҷорат” маърӯза карда, лоиҳаҳоеро, ки дар Ӯзбекистон амалӣ кардаанд, муаррифӣ намуд ва таъкид дошт, ки маҳз робитаҳои эҳсосӣ бо аудитория самараи дарозмуҳлат медиҳанд.

Фаррух Шариф
Акс аз Asia-Plus

Дар идома мудири иҷроияи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” Манижа Анварӣ суханронӣ кард. Мавзӯи ӯ “Рӯйдодҳо ҳамчун стратегия” ном дошт. Дар мисоли фаъолияти гурӯҳи расонаҳо ӯ дар бораи чӣ гуна аз ҷониби ширкат дарёфт кардани модели тиҷорат тариқи роҳандозии чорабиниҳо маълумот дод.

Миёни ташаббусҳои гурӯҳи расонаҳо метавон аз иқдоми “Модарони мо” ба муносибати 8 март, ҷашнвораи оилавии “Салом тобистон”, ҷашнвораи автомашинаҳои қадима (ретро) ва муосир, ҷоизаи мусиқии “Tarona Music Award” ва дигар лоиҳаҳо ном бурд.

Манижа Анварӣ
Акс аз Asia-Plus

Дар анҷоми муколамаи мавзӯӣ меҳмонон аз ҷониби чӣ чизҳо халалдор шудани чунин робитаи расонаҳо ва тиҷоратро ҷиҳати ба меъёр табдил ёфтани он баррасӣ намуданд.

Зикр шуд, ки ҳамаи намунаҳои пешниҳодгардида воқеъан метавонанд ба бозори Тоҷикистон ҳамгиро шаванд ва тиҷоратро лозим аст, ки ба аудиторияи худ наздиктар шуда, ташаббусҳоро тариқи эътимод рушд диҳад ва арзишҳоро дар ҳамкорӣ бо расонаҳо бунёд созад.

Расона ҳамчун тиҷорат: намунаҳои амалӣ

Дар идомаи кори форум ду ҷаласа дар бахшҳо баргузор шуд. Дар ҷаласаи аввал иштирокчиён масъалаи устувории лоиҳаҳои расонаиро ҳамчун тиҷорат баррасӣ карданд.

Дар бораи таҷрибаи худ коршиноси расонаҳо, соҳибкор, ҳаммуассиси платформаи Digital Business аз Қазоқистон Виталий Волянюк изҳори назар кард. Маърӯзаи ӯ пурмуҳтаво ва амалӣ буд: ӯ дар бораи чӣ гуна сохтани лоиҳаҳои устувор дар расонаҳо ва чӣ хел мундариҷа доштан (must-have)-и ҳар як лоиҳа, аз ҷумла буҷет, баҳисобгирии идоракунӣ, нақшаи фурӯш маълумот дод.

Виталий Волянюк
Акс аз Asia-Plus

Коршиноси масоили расонаҳо аз Қазоқистон ба масъалаи иқтидори расонаҳои маҳаллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир кард.

Маҳз лоиҳаҳои маҳаллӣ вазъи дохилӣ (маҳаллӣ)-ро хубтар фаҳмида, аз ин рӯ, барои тамғаҳо арзиши хос доранд. Ӯ муҳим будани фаъолмандии расонаҳои мо дар бозор, аз ҷониби онҳо истифода шудани воситаҳои гуногунро барои рушди устувор зикр кард.

Зимни суханронӣ коршинос мушаххас намунаеро нишон дод, ки чӣ гуна метавон модели маблағгузориро сохт, ки ҷиҳати даромад ба даст овардан имкон медиҳад. Андешаи асосии ӯ дар он ифода меёфт, ки агар расона худро ҳамчун тиҷорат муаррифӣ кунад, осонтар метавонад бо тамғаҳо забони умумӣ ёбад: зеро мақсади ҳарду ба фурӯш равона шудааст.

1/7

Мавзӯи воситаҳои амалиро барои дарёфти даромад намояндаи AIR Media-tech (Қазоқистон) Айганим Амирбекова идома дод. Ӯ доир ба чӣ гуна даромад гирифтан аз YouTube дар муҳити “қатъшуда” ё худ “ғайрифаъол” маълумот дод. Ин намуна хеле муфид буд: YouTube дар Тоҷикистон барои муҳтаво (контент) маблағ пардохт намекунад (монетизатсия намекунад), лекин расонаҳо дигар имконоти зиёди даромад ба даст овардан доранд: аз барномаҳои хулосабарорӣ (рефералӣ) бо даромади паст то шаклҳои нави ҳамгироӣ.

Айганим Амирбекова
Акс аз Asia-Plus

Дар робита ба он, ки дар мо чӣ ҳасту YouTube бисёр вақт танҳо ба сифати майдон барои ҳамгироии рекламавӣ дар шакли сарпарастӣ қабул мешавад, ӯ мавзӯъро васеътар шарҳ дод. Маърӯзаи ӯ на танҳо барои расонаҳову тиҷорат, балки барои блогерони маҳаллӣ низ қобили таваҷҷуҳ буд.

Ба сурати умум, ин бахши форум маҳз ба малакаҳои амалӣ бахшида шуд. Натиҷааш ин шуд, ки иштирокчиён на танҳо бо намунаҳо руҳбаланд шуданд, балки бо нақшаи амали мушаххас, яъне чӣ кор мебояд, ки даромад гирифта шавад, аз наздик ошно гардиданд.

Акс аз Asia-Plus

Ҳуши маснӯӣ ва технологияҳои нав

Ҳамзамон дар толори паҳлӯ дар мавзӯи ҳуши маснӯӣ (зеҳни сунъӣ) ва маълумоти сунъӣ (синтетикӣ) муколама ҷараён дошт.

Дар он ҳаммуассиси стартап (лоиҳаи нав)-и Predictory аз Тоҷикистон Шералӣ Ҷӯрабоев маърӯза кард. Ӯ доир ба ҳуши маснӯӣ ба сифати дороии нав дар бозорёбӣ (маркетинг) изҳори назар кард. Иштирокчиён намунаҳои муфиди ӯро, ки аз бозори мо мисол оварда шуданд, зикр карданд. Машварату тавсияҳо аз коршиносони дохилӣ бахусус арзишманд буданд.

Шералӣ Ҷӯрабоев
Акс аз Asia-Plus

Баъдан менеҷери идоракунии маҳсулот (продакт-менеҷер)-и zypl.ai аз Тоҷикистон Парвина Султонмамадова маърӯза кард. Ӯ дар бораи маълумоти сунъӣ ҳамчун воситаи нав дар молия маълумот дод. Мавзӯъ душвор дониста шуда, ҳоло акнун мухотабон (аудитория)-и худро дар бозори дохилӣ пайдо мекунад. Парвина дар бораи чӣ гуна кор кардани лоиҳаи онҳо муфассал изҳори назар кард. Ва чунин мавзӯи начандон соддаро ӯ бо забони фаҳмо ва дастрас шарҳу тавзеҳ дод.            

Парвина Султонмамадова
Акс аз Asia-Plus

Рӯҳбаландӣ ва намунаҳо

Дар анҷоми чорабинӣ ба масъалаи илҳомбахшӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Виктор Елисеев, ки мо ӯро дар аввали ҳамоиш зикр карда будем, ҳикоя кард, ки чӣ гуна расонаи ӯ «ба хотири реклама рӯҳҳоро мехарид». Ин намунаи ҷолиб тарҳи амалӣ бо номи “Медиагрех” (Гуноҳ дар расона) буд, ки эҷодкории ӯ дар он нақши асосиро бозидааст.

Акс аз Asia-Plus

Намуна хеле илҳомбахш буд. Аз рӯи алоқаи мутақобила бо мухотабон тибқи шумори зикрҳо дар Instagram бо ишораи маҳз ҳамин намуна метавон хулоса кард, ки он хеле хуб дар хотир монда, сарчашмаи илҳому рӯҳбаландӣ гардидааст.

Дар идома Муъминат Авезова, СЕО Somon.tj маърӯза кард. Мавзӯи ӯ, ки “Роҳ аз донишҷӯи одӣ то СЕО писандидатарин лоиҳаи технологияҳои иттилоотӣ (IT)” ном дошт, аллакай худаш илҳомбахш буд. Somon.tj лоиҳаест, ки барои реклама дар Тоҷикистон ниёз надорад, лекин кам касон огаҳанд, ки пушти ин лоиҳа киҳо қарор доранд.

Муъминат Авезова
Акс аз Asia-Plus

Ин духтар риштаи технология ва тарроҳӣ (дизайн)-ро хатм карда, мехост сарулибос таҳия намояд, лекин аллакай пас аз 10 сол роҳбари ширкати технологияҳои иттилоотӣ шуд.

Ҳамааш аз дафтари корӣ дар ҳуҷраи хурд оғоз гардида, имрӯз он бозингари пешрафта дар бозори мост. Ва ин рӯйдод на танҳо дар бораи барори кори ин даста, балки доир ба матонат, заҳматталабӣ ва эътимод ба худ аст. Форум маҳз бо чунин ангезаи илҳомбахшу ххушбинкунанда анҷом ёфта, иштирокчиёнро бо нерӯи тоза мусаллаҳ кард.   

Анҷоми кори форум

Иштирокчиёни форум бо як дақиқаи хомӯшӣ хотираи тарроҳи маъруфи тоҷик Фаррух Сафарзодаро пос доштанд. Ӯ ҷузъи ин тарҳ буд ва муаллифи услуби хос (айдентика)-и Impact Forum маҳсуб меёфт.

1/2

Тоҷикистон кишвари хурдест, ки гӯё ҳама якдигарро мешиносанд, ва маҳз барои ҳамин аз даст додани чунин одамони боистеъдод хеле дардовар эҳсос мешавад. Фаррухро бисёриҳо мешинохтанд ва рафтани ӯ ба дарди шахсии ҷомеа табдил ёфт.

Дар бахши хотимавии чорабинӣ устоди эстрадаи тоҷик Далер Назаров ҳунарнамоӣ кард. Дар оғози ҳунарнамоӣ ӯ зикр кард, ки имрӯз дар воқеъияти бозори муосир ҳамроҳ будан, дар ваҳдату ягонагӣ ва дӯстона зиндагӣ кардан хеле муҳим аст. Гуфтаҳои ӯ анҷоми табиӣ ва рамзии форум шуданд.

1/4

Гӯиё ҳама чиз комилан сарҷамъ омад: маърӯзачиён аз саросари минтақаи Осиёи Марказӣ ва меҳмонон аз соҳаҳои гуногун дар як майдон гирдиҳам омаданд, ки онҳоро як ормон - роҳандозии ҳамкории судманд ба хотири шукуфоӣ ва пешрафти кишвари мо ва минтақа муттаҳид мекунад. Impact Forum маҳз чунин минбар шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.