Шумори ҳалокшудагон аз заминларза дар Туркия ба зиёда аз 35 ҳазор нафар расид, хабар дод президенти ин кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон. Ин рақам аз нишондиҳандаи заминларзаи соли 1939 зиёдтар буда, акнун фоҷеаи моҳи феврали соли равон дар таърихи муосири Туркия харобиовартарин дониста мешавад, менависад ВВС.
Теъдоди умумии қурбониён дар Сурия бо шумули ҳалокшудагон дар минтақаи ошӯбгарон ва дар ноҳияҳои таҳти назорати ҳукумат ба 5 ҳазору 800 нафар расид, хабар медиҳад нашрия.
“Шумори умумии кӯдакони осебдида аз ду заминларза дар Туркия 4,6 млн нафарро ташкил медиҳад. Дар Сурия 2,5 млн нафар кӯдакон осеб диданд”, - хабар додааст ба рӯзноманигорон сухангӯи ЮНИСЕФ Ҷеймс Элдер.
Рӯзи сешанбе имдодгарон аз зери харобаҳо Муҳаммад Энес Енинари 17-соларо ҳамроҳи бародари 21-солааш Абдулбоқӣ пас аз 198 соати пас аз заминларза берун гирифтанд.
Ҳамчунин рӯзи сешанбе дар Қаҳрамонмаръаш имдлодагрон аз зери вайронаҳо як писар ва як мардро наҷот доданд. Онҳо 200 соатро зери вайронаҳо паси сар кардаанд.
Расонаҳои Туркия навиштаанд, ки имдодгарон то ҳол умедворанд, ки дар чанд макони дигар, ки дар зери харобаҳо осори ҳаёт пайдо шудааст, наҷотёфтагонро пайдо кунанд.
Президенти Туркия Эрдуғон рӯзи сешанбе хабар дод, ки дар қорҳои наҷотдиҳӣ ба сурати умум 249 ҳазор нафар иштирок доранд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир беш аз 13 ҳазор нафар шаҳрвандони ин кишвар дар бемористонҳо табобат мегиранд.
Эрдуғон зикр кардааст, ки корҳои наҷотдиҳӣ дар манотиқи офати табиӣ то замони берун овардани охирин нафари зиндамонда аз зери харобаҳои биноҳои фурӯрехта идома хоҳад кард.