Ҳудуди 24 соат пас аз таркиши ҳазорон дастгоҳи пейҷер ё паёмрасони мавриди истифодаи аъзои "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, бархе дастгоҳҳои иртиботии дигар, ки аъзои ин гурӯҳ истифода мебаранд, аз ҷумла, бесимҳои дастӣ, таркидаанд.

Мақомҳои Лубнон инро кори дасти Исроил медонанд. Исроил аз изҳори назар дар ин маврид худдорӣ кардааст.

Вазорати тандурустии Лубнон шоми 18 сентябр охирин омори худро эълон кард, ки дар натиҷаи мавҷи нави таркишҳо дар ин кишвар дастикам 20 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 450 нафар захмӣ шудаанд.

Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз як манбаи амниятӣ ва як шоҳиди айнӣ гузориш дод, ки ин таркишҳо дар саросари ҷануби Лубнон ва бахшҳои ҷанубии Бейрут рух додааст.

Манбаи "Рейтерз" мегӯяд, дастгоҳҳое, ки таркиданд, "бесимҳои дастӣ" буданд, ки аз пейҷерҳои рӯзи сешанбе фарқ доранд.

Шабакаи хабарии "Ал-Ҷазира" аз таркиши дастгоҳҳои иртиботӣ дар минтақаи Зоҳия, ки маркази аслии "Ҳизбулоҳ"-и Лубнон дар ҷануби Бейрут аст, хабар дод ва хабарнигори "Ассошиэйтед пресс" дар Бейрут гуфт, дар маросими хоксупории аъзои "Ҳизбуллоҳ" ва як кӯдак, ки бар асари таркиши пейҷерҳо дар рузи сешанбе кушта шуда буданд, чандин таркиш рух додааст.

Шабакаи "Ал-Манор", вобаста ба гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" низ таркишҳое дар чандин нуқтаи Лубнонро тасдиқ кард ва гуфт, ин иттифоқ бархоста аз таркиши бесимҳои дастӣ будааст.

Салиби Сурхи Лубнон гуфт, сӣ гурӯҳ ҳамроҳ бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ барои кӯмак ба осебдидагони таркишҳо ба минтақаҳои гуногун, фиристода шуданд.

"Рейтерз" ба нақл аз як манбаи амниятӣ гузориш додааст, "Ҳизбуллоҳ" ин бесимҳои дастиро панҷ моҳ пеш ва тақрибан ҳамзамон бо пейҷерҳо харидорӣ карда буд.

Акс аз Reuters

Хабаргузории расмии Лубнон ҳамчунин гузориш додааст, системҳои барқи офтобӣ дар хонаҳои чандин минтақаи Бейрут ва ҷануби Лубнон таркидаанд ва боиси захмӣ шудани ҳади ақал як духтар шуданд.

Як аккос-хабарнигори "Ассошиэйтед пресс" низ мегӯяд, дар шаҳри бандарии Сайдун як мошин ва як мағозаи фуруши мобилро дида, ки баъд аз таркишҳои дастгоҳҳо дарунашон осеб дида буданд.

Бар асари таркиши ҳазорон пейҷери мавриди истифодаи аъзои "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон дар рузи сешанбе дастикам 12 нафар кушта ва ҳудуди 2800 тан захмӣ шуда буданд.

Вазири тандурустии Лубнон эълон кард, 460 нафари онҳоро ҷарроҳӣ кардаанд, ки чашмҳои аксари онҳо осеб дидааст. Ин мақоми лубнонӣ ҳамчунин гуфт, ки вазъи саломатии ҳудуди 300 нафар аз захмиҳо вазнин аст.

Бар асари таркиши рӯзи сешанбе Муҷтабо Амонӣ, сафири Эрон дар Лубнон низ захмӣ шуд. Ин амр Эронро водошт аз дабири кулли СММ ва Шӯрои Амният бихоҳад, ки ин амалро маҳкум кунад.

Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, бесимҳои мавриди истифода дар Лубнонро баррасӣ карда, рӯи як сафҳаи дохили он навиштаи барчаспи ICOM ва "сохти Ҷопон" дида мешавад.

Бар асоси маълумоти нашршуда дар вебсайти ICOM, ин ширкати ҷопонӣ дар заминаи иртиботот ва телефон фаъолият мекунад.

ICOM эълон кард, тавлиди чанд модел аз бесимҳо, аз ҷумла модели бесимҳои IC-V82-ро, ки ба аксҳои бесимҳои мунфаҷиршуда дар Лубнон монандӣ дорад, қатъ кардааст ва он аз соли 2014 ба ин тараф аз феҳрист берун карда шудааст.

Ин ширкат ба суоли хабаргузории "Рейтерз" дар бораи таркишҳои рӯзи чаҳоршанбе дар Лубнон посух надодааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.