Дар пайи ҳамлаи мусаллаҳона ба ширкати ҳавонавардӣ ва кайҳоннавардии Turkish Aerospace дар пойтахти Туркия шаҳри Анқара ҳадди ақал 5 нафар ҳалок ва 22 нафар захмӣ шуданд.
Тавре BBC бо истинод ба расонаҳои Туркия иттилоъ медиҳад, 23-юми октябр ба ин ширкат ҳангоми ивазшавии муҳофизон се ҳамлагар дастгоҳи таркандаро ба кор дароварда, баъдан оташкушоӣ кардаанд.
Дар наворҳое, ки аз ҷойи ҳодиса паҳн гардид, дида мешавад, ки чанд нафар ба сӯйи одамон тир мекушоянд. Чеҳраи баъзе ҳавлаварон дар дурбинҳои назоратӣ сабт шудааст.
Вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Ерликая гуфт, ки ду ҳамлагар, як мард ва як зан кушта шудаанд. Ангезаи ҳамла ва ҳувияти ҳамлаварон то ҳол маълум нест.
Мақомоти Туркия дар ташкили ҳамла ҷудоихоҳони курдро гумонбар медонанд. Алӣ Ерликая гуфт, эҳтимол дар ин кор Ҳизби коргарони Курдистон, ки дар Туркия мамнӯъ аст, даст дошта бошад. Аммо ҳеҷ далеле пешниҳод накард.
Ҳизби коргарони Курдистон ҳам то ҳол ҳодисаро шарҳ надодааст.
Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки ҳангоми ҳамла дар шаҳри Қазони Русия, барои иштрок дар саммити БРИКС қарор дошт ва бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқот мекард, ин ҳодисаро “ҳамлаи палидона” номид.
“Аз лаҳзаи аввал қувваҳои амниятии мо фавран дахолат карданд ва террористонро безарар гардониданд. Мардуми мо бояд донанд, ки дастони палид, ки ба Туркия дароз шудаанд, ҳатман шикаста хоҳанд шуд. Ҷанги мо бо ҳама гуна таҳдидҳои террористӣ ва тарафдорони терроризм идома хоҳад кард”, - навишт ӯ дар шабакаи иҷтимоии X.
Бояд гуфт Turkish Aerospace - истеҳсолкунандаи асосии техникаи кайҳонӣ ва ҳавопаймоии Туркия мебошад, ки ҳавопаймо, чархбол, паҳпод, ва моҳвора истеҳсол мекунад.