Коргардони шинохтаи тоҷик Барзу Абдураззоқов, ки аввали соли равон Тоҷикистонро тарк гуфтаву ба Бишкек рафта буд, рӯзи 16-уми сентябр барои истеъфояш аз Театри давлатии миллии русии Қирғизистон ба номи Ч.Айтматов ариза навиштааст.

Бино ба иттилои хабаргузориио 24.kg , рӯзи сешанбе зимни маҷлиси умумии кормандони театр, ки дар он на ҳамаи ҳайати кормандон ширкат варзидаанду вале сардори Раёсати ҳунар ва таълимоти касбии Вазорати фарҳанг Болот Осмонов, сармутахассис Салтанат Мамбетмӯсоев ва президенти Иттиҳоди арбобони театри Қирғизистон Жаниш Қулмамбетов ҳузур доштаанд, ҳамагон аз ин вазъ огоҳ шудаанд.

Гуфта мешавад, аз ин хабар қисмате аз ҳунармандони театр ба тааҷҷуб афтода, афсӯс хӯрдаанд, ки коргардони соҳибэҳтиром ва писандидаашон нияти тарки театр ва ба Тоҷикистон баргаштанро кардааст. Дар ин театр ӯ муддати 8 моҳ фаъолият намуд.

Бо такя ба гуфтаҳои актёри ин театр Марат Амираев хабаргузории қирғиз менависад, ҳайати кормандони театр муддати тӯлонӣ аз мушкилии муносибати коргардон бо директори театр Александр Кулинский ва саркоргардон Нелли Плешакова огаҳӣ надоштаанд.

«Барзу Абдураззоқов шахси зиёӣ, босавод буда, ҷаҳони бойи маънавӣ дорад ва устоди кори худ аст. Бо ӯ кор кардан дар як вақт ҳам осону ҳам душвор аст: ӯ ба мо, ҳунармандон бисёр чизҳоро меомӯзонид ва талаботаш ҳам сахт буд. Ба туфайли ӯ, ҳунармандон рӯҳбаланд шуда, дар эҷодиёти худ паҳлӯҳои наву тозаро кашф намуданд. Мо аз нав зинда шудем, хостори кору эҷодем. Аммо маълум шуд, ки ӯ ба директору саркоргардон писанд набудааст ва ин дар муносибати беасоси дағалонаи онҳо нисбати ӯ ифода меёфт. Ба қавле дар муддати 8 моҳ онҳо барои ӯ шароитҳои хеле ногувори корро фароҳам карда тавонистанд ва натиҷааш ҳам маълум шуд: Барзу Абддураззоқов аллакай ба ҳавопаймо билет харидааст», - шикоят кардааст ҳунарманд.