Ахири ҳафтаи равон дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҷаласа оид ба таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муаллифон баргузор гардид.     

Тавре хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ иттилоъ медиҳад, мақсад аз таъсиси Шӯро пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф, ҳамкории мақомоти дахлдор, муассисаву идораҳое, ки бевосита бо пешгирии вайрон кардани ҳуқуқ дар ин соҳа фаъолият мекунанд, беҳтар намудани ҳифзи манфиатҳои муаллифон ҳангоми истифодаи асарҳои онҳо, омӯзиши санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрие, ки муносибатҳои байни муаллифонроба танзим медарорад, халлу фасли мушкилоти соҳа ва дигар масъалаҳо, мебошад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, фарҳанг, кумитаи телевизион ва радио, иттифоқҳои эҷодӣ, ки бевосита бо пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ саҳм мегиранд иштирок намуда, оиди беҳтар ба роҳмондани кор дар масъалаи ҳимояи ҳуқуқи муаллиф андешаронӣ карданд.

Гуфта мешавад, иштирокчиёни ҷаласа дар бораи нақши вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иттифоқҳои эҷодӣ дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва дигар самтҳои фаъолият сухан карда, оид ба он тадбирҳое, ки барои беҳбуди кор андешида мешаванд ибрози назар намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳайати Шӯро ва лоиҳаи Нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муаллифон барои соли 2014 тасдиқ гардид.