Норасоии китобҳо бо алифбои брайлро нобиноёни Тоҷикистон аз мушкилоти умдаи худ медонанд, зеро он душвории дигарро барои ин гурӯҳи ранҷури аҳолӣ ба бор овардааст. Аз таҳсил дур мондани нобиноён, пайдо накардани ҷойи кор ва адами дастрасӣ ба иттилоот натиҷаи мавҷуд набудани китобҳои дарсӣ ва адабиёти бадеиву ҳуқуқӣ бо хати брайл гуфта мешавад.


Сумаяи Ҷумъахон, хонандаи синфи 12-и Мактаб-интернати ҷумҳуриявии бачагони нобино ва сустбини ноҳияи Ҳисор даҳҳо асари бадеӣ ва осори адибонро ном мебарад, ки орзуи хондани онҳоро дорад. Вале аз сабаби набудани китобҳои дилхоҳ бо ҳуруфоти махсуси нобиноён, ин имкон барояш маҳдуд шудааст. Аз ҳамин хотир гоҳе ба ӯ ҳамсабақони сустбинаш кӯмак мекунанду гоҳе дигар устодонаш. Сумая мегӯяд, «дар мактаби мо теъдоди китобҳо бо алифбои брайл кам аст. Устодони мо китобҳои кириллиро барои мо хонда медиҳанд. Ман шеърҳои Лоиқ Шералиро хондан мехоҳам, аммо осори ӯ бо ҳарфҳои кириллӣ ҳасту бо хатти брайл не».

Дар Мактаб-интернати мазкур на танҳо китобҳои бадеӣ, балки китобҳои дарсӣ бо алифбои брайл низ камчин аст. Мушкили норасоии китоб дар синфҳои поин камтар ба чашм мерасад, аммо хонандагони синфҳои боло бо хатти худ умуман китоби дарсӣ надоранд. Маҳз набудани китобҳои дарсӣ бо ҳуруфи брайл таҳсилро барои хонандагону омӯзгорон мураккаб кардааст.



Абдурасул Остонақулов, ки худ нобиност, дар Мактаб-интернат аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд. Мавсуф дар суҳбат бо мо гуфт: «Хонандагоне, ки аз синфи 7 то 12 таҳсил мекунанд, китоби брайл надоранд. Бинобар ин, мо асосан дарсҳоро ба таври лексионӣ мегузаронем. Хонандагон қисматҳои асосии мавзӯъҳоро қайд карда мегиранд ва ба ҳамин восита ба дарс тайёр мешаванд».  Аз сабабе ки дар мактаб-интернат китоб бо алифбои брайл нест, хонандагон асарҳои гӯёи китобхонаро ба пуррагӣ шунидаанд. Омӯзгорон, ба навбати худ, кӯшиш мекунанд, тавассути навиштани иншо ва таронаю дубайтӣ нутқи хонандагонро инкишоф диҳанд.


Шодигулбонуи Носирӣ таҳсилро дар ин муассисаи таълимӣ аз синфи якум оғоз карда, ҳоло дар синфи 12-ум мехонад. Сарфи назар аз мушкилоти мавҷуд, ӯ тавонистааст худро аз чанги ҷаҳолат раҳо созад. Шодигулбону нобинои модарзод набуд. Вале одитарин амалкарди пайвандон ӯро аз чашми сар маҳрум сохт. Ин бону қиссаҳои ногуфтании зиёде дорад. Ӯ ҳиссае аз рози нуҳуфтаи дилашро пеши мо қисса кард: «Вақте ман ба дунё омадам, дар беморхона маро афтонданд. Модаркалонам ба чашмони ман доруи пенсилин чакондааст. Бо ҳамин сабаб то ба имрӯз ман аз ду дидаи бино маҳрумам».


Имрӯзҳо дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии бачагони нобино ва сустбини ноҳияи Ҳисор ҳудуди 170 нафар нобино ё биноиашон заъиф таҳсил мекунанд. Ин дар ҳолест, ки бинои мактаб барои таҳсили 120 нафар пешбинӣ шудааст.  Мушкили дигари бошандагони ин мактаб норасоии воситаҳои аёнии таҳсил аст. Бо вуҷуди ин, омӯзгорон кӯшиш мекунанд, ки бо истифода аз усули гуногун ин норасоиро бартараф созанд. Абдурасул Остонақулов, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Мактаб-интернат мегӯяд, раванди якнавохти таълиму тадрис онҳоро хаста кардааст: «Якранг будани дарс ҳам барои омӯзгор ва ҳам барои хонанда дилгиркунанда аст. Ин барои мо як мушкилии гарон аст. Мо ҳаракат мекунем, ки ин мушкилӣ бартараф шавад. Вале мутаассифона, нашри китобҳои брайлӣ ниҳоят мушкил аст ва маблағи зиёд талаб мекунад».


Ахиран Ҷамъияти нобиноёни ҶТ ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии бачагони нобино ва сустбини ноҳияи Ҳисор як теъдод китобҳои дарсиро бо ҳуруфи брайл тақдим кард. Ҳамзамон бо дастгирии созмонҳои байнулмилалӣ онҳо таҷҳизоти замонавӣ харидорӣ карда, матбааи худро таъсис доданд. Чопхонаи хурде, ки имкони баргардонидани китобҳо ба алифбои брайлро дорад, иҷоза медиҳад, то ҳар китоби  дилҳоҳ  бо ҳуруфи махсуси нобиноён нашр карда шавад. Тавре Турбек Давлатов, раиси Ҷамъияти нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо мо гуфт: «қаблан барои чопи чунин китобҳо 25-27 нафар заҳмат мекашид. Технологияе, ки мо ворид кардем, чопи китобҳоро бо хатти брайлӣ осон мекунад ва барои истифодаи он ҳузури танҳо ду нафар кофист».

Нахустин китобҳои дарсие, ки дар ин матбааи навтаъсис ба чоп расиданд, барои синфҳои 5 ва 7 пешбинӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, барои интишори пурраи китобҳои дарсӣ маблағи бештар ва коғазҳои махсус лозим будааст. Турбек Давлатов, раиси Ҷамъияти нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ягона мушкилӣ дар ин самт ҳамакнун набудани маблағ аст. Вай афзуд, ки дар сурати пайдо шудани сармоягузор, бо истифода аз технологияи ҳозиразамон, имкони чопи тамоми китобҳои дарсӣ фароҳам омадааст.


Ба иттилои раиси ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни шаҳри Душанбе Холмаҳмад Тенгниев, феълан теъдоди афроди нобино дар кишвар расман 8 ҳазору 832 нафарро ташкил медиҳад. Аммо ба қавли ин мусоҳиби мо, нобиноёне низ кам нестанд, ки ба қайд гирифта нашудаанд ва омори ғайрирасмӣ арқоми бузургтареро нишон медиҳад. Ба гуфтаи Тенгниев, вай бар асоси омӯзишҳои шахсии худ зимни сафар ба манотиқи мухталифи кишвар ва фаъолияти бисёрсола дар ин замина, муайян кардааст, ки 64 дарсади нобиноёни Тоҷикистон ҳатто маълумоти миёна надоранд. Ба қавли ӯ, шумори дорандагони маълумоти миёна дар байни нобиноёни кишвар танҳо 6,3 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳудуди 2,6 дарсади афроди нобино дар Тоҷикистон умуман дар ҷое таҳил накардаанд. Дорандагони маълумоти олӣ миёни онҳо танҳо 1,2 дарсадро ташкил медодааст. Дур мондани ин табақаи ниёзманди аҳолӣ аз таҳсил мунҷар ба афзоиши мушкилоти зиндагиашон шудааст. Тибқи арзёбии Ҷамъияти нобиноёни кишвар 99,7% афроди нобино дар Тоҷикистон бекоранд ва танҳо 600 нафар расман дар корхонаву муассисаҳо фаъолият мекунанд.

Норасоии воситаҳои тиббӣ, кам будани давраҳои омӯзиши фанновариҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ барои нобиноён, маҳдудият дар дохилшавӣ ба донишгоҳҳои олӣ ва мутобиқ набудани роҳу иншоотро намояндагони ин гурӯҳи ниёзманду маълул аз мушкилоти дигари умдаи худ ном мебаранд, ки миёни онҳо ва афроди солим фосилаи зиёдеро ба миён оварда, зиндагиашонро ба бунбаст ворид кардааст.