Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар синни 79-солагӣ дар шаҳри Тошканд аз олам даргузашт. Дар ин бора хабаргузории «Фергана» иттилоъ медиҳад. Бино ба иттилои хабаргузорӣ, Ислом Каримов тақрибан соатҳои 15-16-и вақти маҳаллӣ дар дармонгоҳи Тошканд аз олам даргузаштааст, ки дар он ӯро баъди ба сактаи майнаи сар (инсулт) гирифтор шуданаш бистарӣ карда буданд.
Дар ҳамин ҳол, саҳеҳан гуфта мешавад, ки дар ин хусус аз ҳукуматдорони Ӯзбекистон маълумоти расмӣ пахш нашудааст. Маълумоти мазкур алҳол тасдиқношуда боқӣ мемонад.
Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми рӯзи 28 август ҳукумати Ӯзбекистон дар бораи ба бемористон бистарӣ шудани президенти ин кишвар Ислом Каримов барои муолиҷа хабарӣ расмӣ пахш намуд.
Аллакай субҳи рӯзи душанбе, 29 август яке аз духтарони Ислом Каримов Лола Каримова дар инстаграми худ тасдиқ намуд, ки президенти Ӯзбекистон дарвоқеъ ҳам пас аз хунравӣ ба майнаи сар дар шуъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ буда, вазъи солимиаш устувор арзёбӣ мешавад. Лола Каримова дархост намуд, ки нисбати ҳуқуқи оилаи президент ба ҳаёти шахсӣ эҳтиром гузошта шавад.
Қобили зикр аст, ки санаи 1 сентябр дар Ӯзбекистон 25-умин солгарди Рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта мешавад. Маъмулан ҷашнҳои асосии кишвари ҳамсоя бо ҳузури сарвари давлати Ӯзбекистон доир мегардиданд. Ба эҳтимоли зиёд ин дафъа дар чорабиниҳои ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Ӯзбекистон Ислом Каримов ҳузур нахоҳад дошт.




Саттор Турсун – озодамарди пурғурур
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026
Обу корези дастрас. Барои аксар он ҳоло орзуи зебое боқӣ мемонад
Тоҷикистон бо кадом кишварҳо реҷаи савдои озод дорад?
Сабти 239 нафақагири аз 100-сола боло. Дар Тоҷикистон чанд нафар нафақа мегиранд ва чанд пул?
Кӯдакон ва занони ҳомила дар зиндони занонаи Норак. Онҳо чӣ шароит доранд?
Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари БОСИ масъалаи лоиҳаи сохтмони “Роғун”-ро баррасӣ кардааст
Дафнпулӣ дар Тоҷикистон. Он чанд пул аст ва соли гузашта чӣ миқдор пардохт шудааст?
Тоҷикистон ба сафи кишварҳои иқтисодашон вобастаи воридот шомил шуд
Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста