Парлумони Туркманистон санаи интихоботи навбатии президентии он кишварро 12 феврал таъйин кард.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, дар он се ҳизб: Ҳизби демократии Туркманистон, Ҳизби истеҳсолгарон ва соҳибкорон ва Ҳизби аграрӣ ширкат хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мақомоти кишварашро дастур додааст, ки ба интихоботи навбатӣ омода шаванд. «Ин интихобот бояд ба таври демократӣ ва бо ширкати чанд номзад баргузор шавад», - гуфтааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки бори охир дар Туркманистон 12 феврали соли 2012 интихобот баргузор шуда, дар он Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 97,14% раъй ба даст оварда буд.

Зимнан зикр мегардад, ки парлумони Туркманистон моҳи сентябри соли ҷорӣ Конститутсияи нави ин кишварро қабул кард, ки бар асоси он муҳлати президентӣ аз 5 ба 7 сол тамдид шуд. Ҳамчунин дар Конститутсия синни президентӣ то 70-солагӣ таъйин гардид. Тибқи Конститутсияи куҳна, муҳлати президентии Бердимуҳаммадов моҳи феврали соли 2017 ба охир мерасид.