Хабари марги Гулнора Каримова, духтари калонии собиқ президенти Ӯзбекистонро, ки тайи ду рӯзи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезад, наздиконаш рад кардаанд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, наздикони Гулнова Каримова рӯзи 22 ноябр ба хабаргузории русии "Новости" гуфтаанд, ки “духтари калонии президенти нахустини Ӯзбекистон зинда аст”.


Гуфта мешавад, рӯзи 22 ноябр нашрияи интернетии “Центр-1” аз қавли як корманди Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон, ки аз ифшои номаш худдорӣ кардааст, аз марги Гулнора Каримова бар асари заҳролудӣ, хабар додааст. Тибқи иттилои ин нашрия, ҷасади хонуми Каримова рӯзи 5 ноябри соли ҷорӣ дар қабристони "Минор"-и шаҳри Тошканд дафн шуда ва баъдан қабраш ба хок яксон гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки мақомоти расмии Ӯзбекистон то ба ҳол дар мавриди ин овозаҳо вокунише нишон надодаанд. Дар чанд моҳи охир дар бораи Гулнора хабаре нест ва ӯ дар маросими дафни падараш дар Самарқанд дар рӯзи 3 сентябри имсол низ ширкат надошт.