Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дар доираи сафараш ба Чин дар ҳаҷми 23 миллиард доллари ИМА 105 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонид.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаҳои маҳаллии Ӯзбекистон, ҳуҷҷатҳо бахшҳои энергетика, коркарди нафт, навсозии истгоҳҳои барқӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва ғайраро дар бар мегиранд.

Гуфта мешавад, Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Чин рафта, рӯзҳои 14 ва 15 май дар форуми "Як камарбанд - як роҳ" дар Пекин ширкат кард.

Чин дар ҳоли ҳозир яке аз бузургтарин шарикони Ӯзбекистон аст. Соли гузашта гардиши молу маҳсулот миёни ин ду кишвар 4,2 миллиард долларро ташкил додааст.

Зимнан зикр мегардад, ки президенти Ӯзбекистон изҳори умедворӣ кардааст, ки дар соли ҷорӣ ин нишондод то 5 миллиард хоҳад расид.