Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сомонаи худро бо нишони president.uz боз кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин сомона хабар, гузориш, баромад, фармону қарорҳои президент ва тағйирот дар ҳукумати Ӯзбекистон нашр шудаанд. Ҳамчунин дар он қабулгоҳи маҷозии президентро низ боз кардаанд.

Гуфта мешавад, тарҳи ин сомона бо сомонаи press-service.uz монанд аст, ки хабарҳо дар бораи президенти Ӯзбекистонро нашр мекунанд. Ба ҷуз ин, дар ҳар ду сомона маводи якранг чоп мешавад.